Пучак (лот. furunculus), фурункулилтиҳоби фасодноки фолликулаи мӯй ва бофтаҳои пайвандии атрофи он.

Пучак
ИхтисосDermatology Edit this on Wikidata
Пучак
МКБ-10 L0202.
МКБ-9 680.9680.9
DiseasesDB 29434
MedlinePlus 001474 ва 000825
eMedicine / 
MeSH D005667

Сабабҳои пайдоиш

вироиш

Сабаби асосии пайдоиши пучак ифлос будани пӯст ва харошидагию кафидагии он, серарақӣ, афзоиши тарашшӯҳи ғадудҳои равған, гиповитаминоз, диабети қандӣ ва ғайра мебошад.

Аломатҳо

вироиш

Пучак дар ҳар қисми пӯст, ки мӯй рустааст, метавонад пайдо шавад. Бештар дар пӯсти гардан, паси сар, рӯй, пушти панҷа, камар мебарояд. Аввал ҷои он каме варам карда сурх мешавад. Сипас варам калонтар гашта, атрофи он илтиҳоб пайдо мекунад. Баъди 3 – 4 рӯз дар маркази инфилтрат некроз падид меояд, бофтаҳо нарм гашта, ба худ ранги сабз мегиранд, дар пучак хартум ташаккул меёбад. Пас аз 2 – 3 рӯз якҷоя бо фасод ва хун хартум канда мешавад, дар ҷои он захми амиқи хуншор боқӣ мемонад. Баъди гузаштани 2 – 3 рӯзи дигар захм сиҳат мешавад. Давраи инкишофи пучак аз 8 – 10 рӯз иборат аст. Дар сурати ягон-ягон баромадани Пучак, одатан, дар организм тағйироти ҷиддӣ рух намедиҳад. Вале баъзан ҳарорати бадан баланд ва одам сусту беҳолат мегардад. Пучак хусусан ҳолати одамони гирифтори диабети қандиро вазнин менамояд.

Пучаки рӯй (лаби боло, бинӣ) сахт азиятовар аст. Бинобар дар рӯй мавҷуд будани шабакаи инкишофёфтаи венавӣ ва лимфавӣ илтиҳоб зуд паҳн мегардад. Тромбофлебити хуруҷёбандаи венаҳо ҳангоми пучаки рӯй мумкин аст ба синусҳои венавии мағзпардаи сахт гузашта, боиси тромбози онҳо шавад. Дар натиҷаи ин сарсоми фасодӣ ба вуҷуд меояд, рӯй зуд варам карда, ҳолати умумии бемор вазнин ва ҳарорати бадан баланд (40 – 41°) мешавад.

Табобат

вироиш

Пӯсти атрофи пучакро бо спирт (70%) ё маҳлули кабуди метиленӣ (1 – 3%) тоза мекунанд, зелёнка мемоланд. Мӯйи атрофи пучаки сар ва гарданро метарошанд. Пучакро ба ҳеч ваҷҳ зер кардан ё молиш додан лозим нест. Баъди сар оварда кафидани пучак ва хориҷ шудани хартуми он захмро бо маҳлулҳои зиддиуфунатӣ (пероксиди гидроген, фуратсиллини 1:5000) тоза мекунанд, маҳлули гипертонии хлориди натрий молида бо докаи тоза мебанданд. Баъди аз риму фасод тоза шудан захмро марҳамбанди мекунанд (ванилин, эмулсияи 5%-аи синтомитсин, марҳами диоксидин, левосин ва ғайра). Пучак фақат дар сурати пайдо шудани оризаҳои римнок (думбал, флегмона ва ғайра) ҷарроҳӣ карда мешавад.

Сарчашма

вироиш