Княз Пётр Ива́нович Багратио́н (гурҷӣ: პეტრე ივანეს ძე ბაგრატიონი, Пе́тре Иване́с дзе Багратио́ни; 29 июн (10 июл) 1765, Тифлис — 12 (24) сентябри 1812, деҳаи Сима, губернияи Владимир) — княз, генерали рус, қаҳрамони Ҷанги ватании соли 1812.

Пётр Багратион
гурҷӣ: პეტრე ივანეს ძე ბაგრატიონი
Зодрӯз 1765[1][2], 1769[3] ё 10 июл 1765(1765-07-10)
Таърихи даргузашт 12 (24) сентябр 1812[2][1] ё 24 сентябр 1812(1812-09-24)
Мансубият
Солҳои хидмат Артиши Русияи подшоҳӣ[d]
Қисм генерал ва General of the Infantry (Imperial Russia)[d]
Равобит
Ордени Иоани Муқаддас (Британияи Кабир) Commander of the Order of Maria Theresa Ордени Апостоли муқаддаси Андрей Order of St. George, 2nd class Order of St. Vladimir, 1st class Knight of the Order of St. Alexander Nevsky Order of St. George Order of Saint Alexander Nevsky Order of St. Vladimir, 2nd class Order of Saint Anna, 1st class Order of Maria Theresa I Order of the Black Eagle Order of the Red Eagle Order of Saints Maurice and Lazarus Gold Sword for Bravery Order of Saint John of Jerusalem
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Аз оилаи полковник, аз авлоди княз­ҳои қадимии гурҷӣ. Хидмати ҳарбиро соли 1782 дар Қафқоз оғоз намудааст. Дар ҷангҳои русҳову туркҳо (1787-91) ва дарамалиёти ҷангии Полша (1793-94) ширкат доштааст. Дар лашкаркашиҳои А. В. Суворов ба Итолиё ва Швейсария (1799) фармон­деҳи лашкари пешрав (авангард) буд. Ин амалиёт аз диг. муҳориба­ҳои бузург фарқ дошт. Дар Ҷанги Россия бо Фаронса (1805-07) ба қисми асосии лашкари рус сардорӣ кард. Дар Ҷанги русҳову шведҳо (1808-09) сипаҳсолори дивизия ва дар Ҷанги русҳову туркҳо (1810) фармондеҳи лашкар буд. Солҳои 1806-10 фармондеҳи лашкари Молдавия, аз август соли 1811 сарварии лашкари Подолскийро ба уҳда дошт. Барои маҳорат ва шуҷоати ҷангӣ ба ӯ рутбаи генерал-лейтенант ва баъди ҷанг бо шведҳо генерали инфантерия (сипоҳи пиёдагард) доданд. Дар Ҷанги ватании соли 1812 дар муҳорибаи Бородино фармондеҳи лашкар буд. Дар ҳамин муҳориба захмӣ шуда, дар деҳаи Сими губернияи Владимир вафот кард. Соли 1839 бозмондаҳои ҷасади ӯ ба майдони Бородино оварда шуданд.

Сарчашма

вироиш