Болотников Пётр Григорович (8 март 1930[1], Mordovia[d][1]20 декабр 2013[1], Krasnoslobodsk[d], Mordovia[d][2] ё Маскав[1]) — варзишгар ва давандаи рус. Устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС (1959), қаҳрамони шонздаҳкаратаи ИҶШС (1957-62) дар давидан ба масофаи 5000 ва 10000 м, қаҳрамони Аврупо (1962) ва Бозиҳои олимпӣ (1960) дар давидан ба масофаи 10000 м. Рекордсмени ҷаҳон дар давидан ба масофаҳои 5000 ва 10000 м (1960-63). Солҳои 1965-85 сармураббии клуби «Спартак» оид ба варзиши сабук буд. Муаллифи китоби «Охирин давра» (М., 1975). Ҳар сол дар шаҳри Саранск мусобиқаи байналмилалии давидан барои дарёфти ҷоизаи Пётр Болотников баргузор мегардад.

Пётр Болотников
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Тахассус варзиши сабук
Зодрӯз 8 март 1930(1930-03-08)[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 20 декабр 2013(2013-12-20)[1] (83 сол)
Маҳалли даргузашт
Корномаи варзишӣ 19561965
Қад 173 сантиметр[1]
Вазн 64 кг[1]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Адабиёт

вироиш