Пӯлод Бобоҷонов
Пӯлод Бобоҷонов (15 октябри 1930, Ӯротеппа — 10 феврали 2023, Душанбе) — ахтарфизикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика (1970), профессор (1973), академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1973), Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1994), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1977).
Бобоҷонов Пӯлод Бобоҷонович | |
Таърихи таваллуд | 15 октябр 1930 |
Зодгоҳ | Ӯротеппа |
Таърихи даргузашт | 10 феврал 2023 (92 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | ахтарфизик |
Ҷойҳои кор | АИ ҶШС Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
Унвонҳои илмӣ | академики АИҶТ |
Алма-матер | Институти педагогии Ленинобод ба номи С. М. Киров (1949) |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти педагогии Ленинобод ба номи С. М. Киров (1949) ва аспиранти Институти давлатии астрономии ба номи П. К. Штернберги Унститути давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1950-1953). Фаъолияти илмиашро дар Институти астрофизикаи АИ ҶТ оғоз намуда, ба ҳайси ходими калони илмии расадхонаи ситорашиносӣ (1954) ва мудири шуъбаи астрономияи шиҳобӣ (1958) кор кардааст. Солҳои 1959-1971 директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ, 1971—1984 ректори Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1984—1993 ноиби Президенти АИ ҶТ, 1992—2002 директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ (дар айни замон директори фахрии он) буд.[1] Аз соли 2003 мушовири Президиуми АИ ҶТ ва ҳамзамон мудири шуъбаи шиҳобҳои Институти астрофизикаи АИ ҶТ буд.
Таҳқиқот
вироишТаҳқиқоти Пӯлод Бобоҷонов ба физика ва динамикаи шиҳобҳо, тақсим шудани моддаҳои шиҳобӣ дар фазои байнисайёравӣ ва таҳаввули мадори онҳо бахшида шудааст. Ӯ мадори зиёда аз 400 шиҳоб ва 20 сели нави шиҳобиро кашф кардааст. Бо роҳбарии Пӯлод Бобоҷонов бори аввал дар Институти астрофизикаи АИ ҶТ асбоби наззорӣ-шиҳобӣ сохта шудааст, ки он ба усули нави мушоҳидаҳои фотографӣ ва радиолокатсионии шиҳобҳо асос гузошт. Пӯлод Бобоҷонов таҳқиқоти илмиро бо фаъолияти омӯзгорӣ якҷо пеш мебарад, «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1973), муаллифи 7 монография ва зиёда аз 300 кори илмӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 4 нафар рисолаи докторӣ ва 9 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Пӯлод Бобоҷонов узви Иттифоқи байналхалқии астрономӣ (1961), Ҷамъияти байналхалқии астрономии шоҳии Британияи Кабир (1994), Кумитаи байналхалқии таҳқиқоти Кайҳон (2000), бюрои комиссияи «Шиҳобҳо ва чангҳои байнисайёравӣ»-и Иттифоқи байналхалқии астрономӣ ва солҳои 1985—1988 Президенти ин комиссия буд. Ӯ дар тӯли зиёда аз 40 сол дар Ассамблеяи генералии Иттифоқи байналхалқии астрономӣ ва ҳамоишу конференсияҳои ба ҷисмҳои хурди Манзумаи Офтоб бахшидашуда (дар ИҶШС, ИМА, Англия, Фаронса, Ҷопон, Шветсия, Чехия, Итолиё, Ҳолландия, Олмон, Юнон, Филиппин, Ҳиндустон ва ғайра) ширкат ва суханронӣ кардааст. Осори илмиаш дар аксар кишварҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд.
Пӯлод Бобоҷонов 10 феврали соли 2023 дар ш. Душанбе даргузаштааст.[2].
Ҷоизаву орденҳо
вироишБо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони фахрӣ», медали «Ситораи ИДМ» (2010) ва чандин медалҳо, аз ҷумла, медали ба номи С. И. Вавилов (1977), Ҷоизаи ба номи Ф. А. Бредихин (1989), Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи С. У. Умаров (2001) сарфароз гардидааст.
Ба шарафи Пӯлод Бобоҷонов сайёраи хурд — «Babadzhanov» (7164) номгузорӣ шудааст.
Осор
вироиш- Исследование скоростей извержения вещества из ядер комет. Сталинабад, 1955;
- Методы и некоторые результаты фотографических исследований метеоров. М., 1963;
- Радиометеорные исследования циркуляций верхней атмосферы. Д. , 1974;
- Метеоры и их наблюдения. М., 1987.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКА(тоҷ.). anrt.tj (2022). 8 май 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 май 2024.
- ↑ В Таджикистане скончался академик Пулат Бабаджанов, в честь которого была названа одна из малых планет. asiaplustj.info. ASIA-Plus (10 феврали 2023). 10 феврали 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Бобоҷонов Пӯлод / С. Содиқова // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.