Пӯлод Ҳамроқулов
Пӯлод Ҳамроқулов (8 июли 1920, Конибодом — 11 январи 1983, Душанбе) — муаррих, номзади илмҳои таърих (1954), дотсент (1957).
Пӯлод Ҳамроқулов | |
Таърихи таваллуд | 8 июл 1920 |
Зодгоҳ | Конибодом ҶШС Тоҷикистон, СССР |
Таърихи даргузашт | 11 январ 1983 (62 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи омӯзгории Сталинобод |
Ҷоизаҳо | Шаблон:Ордени «Ситораи Сурх», |
Пӯлод Ҳамроқулов Донишкадаи омӯзгории Сталинобод (1949) ва Академияи илмҳои ҷамъиятии қазди КМ ҲКИШ-ро хатм кардааст. Омӯзгор, дастурдеҳи шуъбаи ташкилии кумитаи ҳизби коммунистии н. Конибодом, шунавандаи мактаби ҳизбии ҷумҳуриявӣ (1946—1948), омӯзгори таърихи ҲКИШ дар мактаби ҳизбии ҷумҳуриявии назди КМ ҲК Тоҷикистон (1948—1950), аспиранти Академияи улуми ҷомеашиносӣ дар назди КМ ҲКИШ (1953), ҷонишини директор оид ба илми бахши тоҷикистонии Пажӯҳишгоҳи марксизм-ленинизми назди КМ ҲКИШ (1957), котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии ш. Сталинобод (1959). Директори ДДОЛ ба номи С. М. Киров (1959—1965), мудири кафедраи таърихи партияи ДТТ (1965—1982). Бо орденҳои «Ситораи Сурх», «Нишони Фахрӣ» ва якчанд медалу ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.[1]
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- А.Бобокалонов, Ҳ.Холҷӯраев, Ш.Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. — Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. — 500 с.