Равонпизишкии солмандон

Равонпизишкии солмандон (форсӣ: روان‌پزشکی سالمندان‎), геронтопсихология — шохаи равоншиносӣ, ки ба омӯзиши равандҳо ва зуҳуроти равонии алоқаманд ба пиршавии организм, хусусиятҳои зуҳуроти функсияҳои олии равонӣ дар давраи пирӣ машғул аст.

Равонпизишкии солмандон зерсоҳаи равоншиносии синнусолӣ мебошад. Асосгузори равонпизишкии солмандон — олими амрикоӣ Стенли Ҳолл. Ӯ соли 1922 китоби «Пирӣ»-ро нашр кард, ки аввалин асарест оид ба таҳлили равонии раванди пиршавии инсон. Равонпизишкии солмандон ҳамчун соҳаи махсуси равоншиносии синнусолӣ дар нимаи дуввуми асри 20 ташаккул ёфтааст. Рушди равонпизишкии солмандон ба афзоиши ҳиссаи ашхоси солхӯрда дар сохтори умумии аҳолии баъзе кишварҳо вобастагии зич дорад. Равонпизишкии солмандон хусусиятҳои алоқамандии раванди умумии пиршавӣ ва ҳолати равонии инсонро дар давраи пирӣ меомӯзад. Ҳадафҳои асосии равонпизишкии солмандон: ҷустуҷӯи шароит ва воситаҳои дароз кардани тӯли ҳаёти фаъоли инсон, пешгирии пиршавии бармаҳал, муайян кардани омилҳои равонии дарозумрӣ. Яке аз мавзӯъҳои муҳимми мавриди омӯзиши равонпизишкии солмандон тағйироте мебошанд, ки дар инсон пас аз дигаргуншавии тарзи одатшудаи ҳаёт, аз сабаби пиршавии табиии организм рӯй медиҳанд. Вазифаи асосии равонпизишкии солмандон дарёфти восита ва усулҳои ёрии равонӣ ба ашхоси солхӯрда ва пирсол, аз сабаби рӯй додани тағйирот дар ҳаёти онҳо, мас., ба нафақа баромадан ва зиёдшавии вақти фароғат, ноилоҷ тарки одатҳои пешина кардан, зарурати тағйир додани муносибат бо наздикон (аз ҷумла, бо фарзандон), марги ҳамсар ва дигар аъзои хонадон, аз даст додани рафиқону наздикон, бекасиву танҳоӣ, муҳтоҷ шудан ба кумаки дигарон мебошад.

Адабиёт

вироиш
  • Александрова М. Д. Очерки психологии старения. М., 1965;
  • Давыдовский И. В. Геронтология. М., 1966;
  • Анцыферова Л. Развитие личности и проблемы геронтопсихологии. М., 2006;
  • Словарь психолога-практика. М., 2007.

Сарчашма

вироиш