Равғанрезон, дастчарбон, рӯйбинак, рӯйбинон, келинсалом — як навъ маросими занонаи суннатии тоҷикон дар ҷашни арӯсии тоҷикон мебошад, ки дар хонаи домод баргузор мешавад. Онро инчунин дастчарбон ва сурфабаророн низ меноманд. Равғанрезонро бо мақсаду нияти файзу баракат ва фаровонӣ дар хонадони тӯйдор созмон медиҳанд, ки равиши он чунин аст: рӯзи тӯй модари домод занҳои ҳамсоя ва хешу таборҳои наздикро даъват намуда, пас аз зиёфат дар рӯйи ҳавлӣ суфраи ордро оварда, паҳн мекунад. Яке аз занони рӯзгордида арӯси навро гирди суфра се маротиби давр мезанонад ва дар вақти қадамзании арӯс дуои нек медиҳад. Арӯс пас аз давр задан омада, дар назди сурфа менишинад. Ба арӯс орду равған ва шир меоранд. Арӯс хамир мешӯрад, аз болои дасти ӯ ҳамон кампири табаррук ё яке аз бонувони наздики хонаводаи домод бо қошуқ кам-кам равған мерезанд. Аз хамире, ки арӯс шӯридааст, барои хонаи модари арӯс кулча мепазанд, ки онро «кулчаи арӯс» меноманд. Дар ноҳияи Файзобод арӯс худаш хамирро шӯронида, якчанд зувола тайёр мекунад. Аз зувола оши угро ва нони тунук мепазанд. Ҳозирин оши угроро бо нон хӯрда, ба арӯс офарину сано мегӯянд. Дар ноҳияи Панҷакент равғанрезонро дастчарбон меноманд, ки дар рӯзи дувуми тӯй арӯс дар рӯйи ҳавлӣ суфра густарда, болои тахтачае бо корд равғани дунбаро реза мекунад. Одате ҳаст, ки то гузаронидани маросими равғанрезон наварӯс ба иҷрои корҳои хонаи домод роҳ дода намешавад. Рағанрезон як навъ маросими ифтитоҳи корҳои рӯзгордории арӯс ба шумор меравад. Пас аз анҷоми ин маросим занҳо доира навохта, рақсу сурудхонӣ мекунанд.[1]

Адабиёт

вироиш
  • Аминов, А. Маросимҳои ҷашни арӯсӣ – бахши ҷудонашавандаи феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ // Мероси фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ҳифз ва эҳёи он / мураттиб Х. Низомов. – Душанбе: Истеъдод, 2016. – С. 92–102.
  • Амонов, Р. Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб: дар асоси материалҳои фолклори Сари Хосор. – Душанбе: Нашриёти АФҶШС Тоҷикистон, 1963.
  • Аҳмадов, Р. Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ. –Душанбе: Дониш, 2007.
  • Зеҳниева, Ф. Сурудҳои маросими тӯи тоҷикон. – Душанбе,1978.
  • Кисляков, Н. А. Семья и брак у таджиков. – М.–Л., Изд-воАН СССР, 1953.
  • Комилзода, Ш. Омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон // Паёмномаи фарҳанг. – 2016. – №3 (35). – С.70–77.
  • Мардонова, А. Традиционная свадьба таджиков гиссарской долины. – Душанбе, 2002.
  • Раҳимов, Д. Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва ойинҳои суннатии ниёгон. – Душанбе: Истеъдод, 2011.
  • Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 56

Нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 101. – 280 с.