Раиси кумитаи давлатӣ

Раиси кумитаи давлатӣ - сарвари кумитаи дахлдор мебошад, ки ӯ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз он озод карда мешавад. Раиси кумитаи давлатӣ ба фаъолияти кумита баҳри иҷрои вазифаҳо, ки тибқи қонунҳо, фармонҳои Президенти ҶТ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи худ ба зиммаи кумита вогузор шудааст, корро ташкил мекунад ва ба он роҳбарӣ менамояд. Раиси кумитаи давлатӣ аз рӯи масъалаи марбута ба Ҳукумати ҶТ таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқиро таҳия карда, мутобиқи дастури Ҳукумати ҶТ ба маҷлисҳои Ҳукумат пешкаш менамояд; ба кори ҳайати мушовара роҳбарӣ менамояд; манфиатҳои давлатиро дар дохили кишвар ва берун аз он доир ба масъалаҳои дахлдор ҳимоя менамояд; кумитаро дар муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ намояндагӣ мекунад; оид ба амалисозии қарорҳои ҳайати мушовара чораҳо меандешад; кормандони дастгоҳи марказии воҳидҳои сохтории кумита, роҳбарони онҳоро ба вазифа таъйин ва аз вазифа холӣ мекунад.[1]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 388