Раиси ҷамоат
Раиси ҷамоат — сарвари мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа мебошад, ки ӯро Ҷамоат бо пешниҳоди Раиси шаҳр, ноҳияи дахлдор ба муҳлати 5 сол интихоб менамояд. Раиси ҷамоат ҷамоатро дар мавридҳои зарурӣ, вале соле на кам аз ду бор даъват мекунад; ба кори Раёсати ҷамоат роҳбарӣ мекунад; ба маҷлисҳои ҷамоат раисӣ мекунад; иҷрои қарорҳо ва фаъолияти кории ҷамоатро ба роҳ мемонад; барои иҷрои қонунҳои ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор кор мебарад; захираҳои молиявиро ихтиёрдорӣ мекунад; шартномаҳои шаҳрвандӣ мебандад; ба ҳуҷҷату санадҳои бонкӣ, молиявӣ, ҳуқуқӣ имзо мегузорад; манфиати шаҳрвандонро ҳимоя менамояд; иштироки шаҳрвандонро дар ободонӣ ва хуррамгардонии қаламрав ташкил намуда, ба беҳбудии хидматрасонии савдо ва коммуналию маишии аҳолӣ мусоидат менамояд, назорати ҷамъиятиро ба кори онҳо ба роҳ мемонад; ба ташкили назорати вазъи санитарии маҳалҳо, манбаъҳои обрасонӣ, манзилу мактабҳо ва муассисаҳои дигар мусондат мекунад; барои кори алоқа, телефонгузаронӣ, радиогузаронӣ ва ҳифзи иншооту дастгоҳҳои онҳо ёрӣ мерасонад; корҳои ободонӣ ва беҳдошти қабристонҳо ва дигар объектҳои ҳифзшавандаро ташкил менамояд; кори пардохти андозҳоро ба буҷаи маҳал ташкил менамояд ва дигар ваколатҳоеро, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа» ва аз дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ бармеоянд, амалӣ менамояд.Раиси ҷамоат дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 392