Ранӣ Мукҳерҷӣ

Ранӣ Мукҳерҷӣ (банголӣ: রাণী মুখার্জী) (21 марти соли 1978 дар Банғолаи Ҳиндустон ба дунё омадааст) ҳунарпешаи синамои Ҳинд. Яке аз машҳуртарин ҳунармандони ин соҳаи санъат дар Ҳиндустон мебошад.

Ранӣ Мукҳерҷӣ
банголӣ: রাণী মুখার্জী
Rani Mukerji promoting Hichki in 2018 (cropped).jpg
Таърихи таваллуд: 21 март 1978(1978-03-21)[1] (43 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, мудел, бозигари синамо
Корнома: 1996 — то ҳол
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0611552
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

ОилаВироиш

Ранӣ дар оилаи ҳунармандон ба дунё омадааст. Миқдори хешовандони Ранӣ, ки роҳи санъатро интихоб кардаанд, зиёд мебошанд. Ӯ духтари Рам Мукҳерҷӣ - коргардони филмҳои "Пешво" ва "Hum Hindustani" аст. Модари Ранӣ сароянда буда, холааш Дебашрӣ Рой ҳунарпешаи шинохтаи банғолӣ мебошад. Ва албатта машҳуртарин «хеш - ситора» - и Ранӣ духтари холааш - Каҷол аст. Вақте ки Ранӣ ба ҷодаи синамо қадам ниҳод, Каҷол аллакай ситораи машҳури синамо гардида буд. Барои Ранӣ эҳсоси он, ки Каҷол аз ӯ машҳуртар буд, душвор буд ва ӯ кӯшиш мекард, ки ҳарчӣ зудтар номдор гардад.

ТаълимВироиш

Эҷодиёт дар синамоВироиш

Ранӣ бори аввал дар филми коргардон Салим - "Raja Ki Aayegi Baraat" (1996) нақш офаридааст. Ҳарчанд ки ин филм дорои буҷаи он қадар калон буд ва тамошобини зиёде ҷамъ накард, вале диққати мунаққидони синаморо ба сӯи худ ҷалб намуд. Бар замми ин, нақшофаринии Ранӣ Мукҳерҷӣ ба ду коргардони шинохта писанд омад. Яке аз онҳо, Каран Ҷоҳар ӯро аз байни чандин ситорагони синамо барои иштирок дар филми "Kuch Kuch Hota Hai" (соли 1998) интихоб карда гирифт. Дуввумӣ Викрам Бҳатт (ё бо хоҳиши Амирхон бошад?) ба Ранӣ бозидани нақши асосиро дар филми "Ғулом' (1998) ба ӯ пешниҳод кард, ки он як марҳалаи тақдирсоз дар ҳаёти Ранӣ буд. Филми "Ғулом' ба ӯ шӯҳрати беандоза овард ва акнун ӯро ҳамчун духтари «Aati kya Khandala» ном мегирифтанд. Аз ин пас Раниро чун яке аз ситорагони синамо мешинохтанд. Филмҳои минбаъда низ, аз қабили "Kuch Kuch Hota Hai" шӯҳрати ӯро боз афзун карданд.

Ҳаёти шахсӣВироиш

21 апрели соли 2014 Ранӣ ба режиссёри ҳинд Адитя Чопра ба шавҳар баромад ва 9 декабри соли 2015 дар оила духтараке таваллуд шуд, ки волидон ӯро Адира номгузорӣ намуданд.

Фаъолияти ҷамъиятӣВироиш

Ҷоизаҳо ва унвонҳоВироиш

Маълумоти гуногунВироиш

Филмҳо бо иштироки Ранӣ МукҳерҷӣВироиш

Инчунин бингаредВироиш

ЭзоҳВироиш

  1. ČSFD (чеш.) — 2001.