Расонидан бо ситонидани пардохт

Расонидан бо ситонидани пардохт - шартест, ки аз рӯйи он фурӯшанда уҳдадор аст, ки молро ба маҳалли (ҷойи) кишвари воридотӣ ва дар муҳлати қайду шартшудаи шартномаи харидуфурӯш расонад. Вай дар навбати худ тамоми хароҷот ва таваккал, аз ҷумла маблағи пардохти боҷ, андозҳо ва хироҷро аз рӯйи расонидани мол барои воридот ба зимма мегирад. Харидор тамоми хароҷот ва таваккали нисбати молро аз лаҳзаи ба ихтиёри ӯ пешниҳод кардани фурӯшанда дар маҳалли (ҷойи) таъйиноти мувофиқшуда ба уҳда мегирад.[1]

Нигаред низ вироиш

Пардохт

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 393