Рашидуддини Ватвот

(Тағйири масир аз Рашиди Ватвот)

Амир Рашидуддин Саъдулмулк Муҳаммад ибни Абдуҷалили Ватвот (форсӣ: امیر رشیدالدین سعدالملک محمد بن محمد بن عبدالجلیل وطواط‎; 1088[1] ё 1087[2], Балх, вилояти Балх1182) — шоир, нависанда, луғатшинос ва адабиётшиноси форс-тоҷик.

Рашидуддини Ватвот
форсӣ: رشيد الدين وطواط
Тахаллусҳо: Ватват
Таърихи таваллуд: 1088[1] ё 1087[2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1182
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда, забоншинос, луғатшинос
Забони осор: форсӣ ва арабӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Рашиддудини Ватвот дар мадрасаи Низомия таҳсил намуда, пас аз таҳсил аз Хуросон ба Хоразм меравад. Аз аксари илмҳои замонаш, махсусан фалсафа, калом, сарфу наҳв, луғат, маъонӣ ва баён, арӯзу бадеъ ва ғайра вуқуфи комил дошт.

Ватвот бо Хоқонӣ, Анварӣ, Саноӣ, Адиб Собир ва дигар шоирон мукотиба доштааст.

Рашиддудини Ватвот дар соли 1177 даргузашт.

Мероси адабӣ

вироиш

Аз Рашиди Ватвот дар назму наср мероси адабӣ ва илмӣ боқист, ки як қисми он ҳанӯз дастхат аст. Девони шоир 8563 байт дошта, қасида, таркиббанд, тарчеъбанд, ғазал, қитъа ва рубоиро дар бар мегирад. Аз 223 қасидаи девон 153-тои онҳо ва чанде аз таркиббанду тарҷеъбандҳои шоир дар боби сиёсату давлатдорӣ ва ҷангу сулҳ гуфта шудаанд. Дар қасидаҳояш Рашиди Ватвот устуворию пойдории давлат, ободию оромии мамлакат ва беҳбудии аҳволи халқро дар адлу дод ва ақлу дониш дида, аз ҳукумронони замон талаб кардааст, ки адолатпарвар бошанд, илму маданиятро ривоҷ диҳанд, баҳри беҳбудии кишвар ва рӯзгори халқ кӯшанд:

Ба адл аст ҳар салтанатро субот,
Ба илм аст ҳар мамлакатро мадор.
Сазад мулк андар канори касе,
Ки бошад тиҳӣ аз ҳаромаш канор!
Ту ислоҳи гетӣ аз он кас маҷӯй,
Ки бар нафси худ несташ иқтидор.

Мероси адабӣ

вироиш
  1. Ҳадоиқу-с-сеҳр фи дақоиқу-л-шеър
  2. Абкору-л-афкор фи расоилу-л-ашъор
  3. Ароису-л-хавотир ва нафоису-н-наводир
  4. Латоифу-л-амсол ва тароифу-л-ақвол
  5. Маҷмуи расоили арабӣ
  6. Фаслу-л-хитоб
  7. Анису-л-лаҳфон
  8. Ҷавоҳру-л-қалоид вазавоҳиру-л-фароид
  9. Луғати манзуми мавсум ба Ҳамду сано
  10. Туҳфату-л-сиддиқ алал сиддиқ мин каломил Абубакри Сиддиқ

Адабиёт

вироиш
  • Фаррух Умар. Ториху-л-адаб ал-арабӣ. — ҷ 3. 1984
  • Алиакбари Деҳхудо. Луғатнома (Зайли Ватвот)
  • Ҷувайнӣ. Ҷаҳонкушои Ҷувайнӣ. — Теҳрон, Ҳирмис. — с. 360—370