Рашнаи Поён
Рашнаи Поён — деҳа дар ҷамоати деҳоти Шинги ноҳияи Панҷакент. Аз Рашнаи Поён то маркази шаҳр 50 км. Аҳолиаш 1396 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Панҷакент |
Ҷамоат | Деҳоти Шинг |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1396 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3475 |
Эзоҳ
вироишРАШНА [1], деҳа дар ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент,вилояти Суғд. Пештар дар ҳудудуди колхози «Правда». Аз Рашна то маркази ҷамоати деҳот тақрибан 6 км, то шҳар 47 км, роҳ қисман асфалтпуш. Аҳолиаш 1210 нафар (2013), тоҷикон. Рашна дорои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ,мағозаҳо ва бунгоҳи тиббӣ мебошад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ. Заминҳо аз дарёе,ки аз байни деҳа мегузарад обёрӣ мешаванд.
Рашна вожаи қадимаи суғдӣ мебошад.Шояд он шакли дигаргуншудаи калимаи “Роҳаш на” бошад. Зеро ки деҳа дар кафи кӯҳсор ҷойгир аст.Поён яъне поин.
Маълумотҳои аз суроғаи https://www.google.ru/maps
География:
Рашнаи Поён дар баландии 1710 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст
Масофа то ҷ/д-6 км Масофа то маркази шаҳр 47 км Масофа то шаҳри Хуҷанд наздик ба 300 км Масофа то пойтахт шаҳри Душанбе наздик ба 280 км
Шахсиятҳои шинохта ва машҳури Рашнаи Поён Камолии Рашнагӣ
Номи аслии ӯ Мулло Миркамол ибни Мулло Исмоил аст, ки дар охирҳои асри ХVIII ва ибтидои асри ХIХ дар деҳаи Рашнаи Поёни ноҳияи Панчакент ҳаёту фаъолият намуда, бо тахаллуси Камолии Рашнагӣ ашъор сурудааст. Аз маълумоти бадастрасида маълум мешавад, ки вай муддате дар шаҳрҳои Бухорову Кобул таҳсили илм карда, боқӣ тамоми умр ба деҳқони машғул буд ва дар баробари ин тарқи эҷод накардааст. Аз қавли мардуми деҳаи Рашнаи Поён бармеояд, ки қисми асосии ашъори Камоли солҳои 30-юм дар қатори бисёр осори гаронмояи ниёгонамон туъмаи оташ қарор гирифтаанд. (М.Махмадшоев)
Маҳзуни Рашнагӣ (1834–1897)
Мулло Ашур мутахаллис ба Бисмил ва Махзун соли 1834 дар деҳаи Рашнаи Поён дар оилаи Мулло Ҷонмуҳаммад ибни Бадалбоки ба дунё омадаст. Шоир дар қатори бародаронаш Шомуҳаммад, Мулло Абдуллоҳ, Ниёзбоки, Мулло Мурод, Мулло Турсун ва хоҳараш Эвазмо аз мактаби падар сабақ гирифта, илмҳои замонаашро фаро гирифтааст. Вай тамоми умр дар деҳа зиндагӣ карда, ба касби деҳқони шуғл варзидааст.
Мулло Ашур дар давоми ҳаёти хеш ду маротиба оиладор шудааст. Аз зани аввалааш Огомо панҷ фарзанд- Наҳлиддин, Ойбегим, Бобоҷон, Мулло Қурбон, Сафуро ва аз зани дуюмаш Ҷаннат низ панҷ фарзанд-Фазлиддин, Лутфиддин, Гулваш, Дилкаш, Гулрухсор ба дунё омадаанд. Наберагон ва аберагони шоир Усто Бердӣ, Мулло Ҳотам, Мулло Ашӯр, Мулло Аҳмад, Мулло Тӯлибой миёни мардум бо ҳунару одоби накӯ ва дониши баланд сазовори ҳурмату эҳтироми хосса мебошанд.
Аз ашъори парокандаи шоир маълум мешавад, ки ӯ дили пурдард дошта, аз бевафоии рӯзгор ва аз вафоти ҳамнишинон ба танг омада, аз шеъру шоири дасти мадад меҷӯяд. Аз эҷодиёташ ғайр аз ашъори пароканда китобе бо номи «Миноҳаҷ-ул-ибод ва танбеҳ-ул-ғофилин», ки аз 27 боб иборат аст ва дар мавзӯъҳои динию ахлоқӣ баҳс мекунад, боқӣ мондааст. Ин китоб бо хати худи шоир китобат шудааст. Мулло Ашӯр соли 1897 дар синни 63-солаги дар диёри худ аз олам гузаштааст. (М.Махмадшоев)
Зарифии Рашнагӣ
Мулло Мирзариф шоири асри ХVIII дар деҳаи Рашнаи Поён таваллуд шуда, тамоми умр дар ҳамон деҳа умр ба сар бурдааст. Ба касби деҳқони машғул буда, дар баробари ин эҷод менамуд. Ашъори Зарифи пароканда буда, то ба мо қисми хеле камаш расидааст.
↑ РУСТАМБЕК АҲМАДОВ РАШНАИ ПОЁН (ТОҶИКӢ) = Рустамбек Аҳмадов // https://medium.com/@RustambekAhmadi/%D1%80%D0%B0%D1%88%D0%BD%D0%B0%D0%B8-%D0%BF%D0%BE%D1%91%D0%BD-2d92ad1ec7f9
Сарчашма
вироиш- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5