Раёсати Ҳукумат - мақоми коллегиалии доимо амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳайати он аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ иборат мебошад ва вазифаҳои он пешакӣ тайёр кардани масъалаҳоест, ки дар Ҳукумати ҶТ баррасӣ мешаванд. Раёсати Ҳукумат аз рӯйи масъалаҳои баррасишаванда қарорҳои дорои хусусияти тавсиявӣ қабул мекунад. Асоси ҳуқуқии Раёсати Ҳукуматро Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи с.2001, Дастури (регламенти) Ҳукумати ҶТ, Фармону амрҳои Президенти ҶТ ташкил медиҳанд.[1]

Нигаред низ

вироиш

Раёсат

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 388-389