Раҳима Шалоэр
Раҳима Шалоэр (Шалоэр Раҳима Сунваровна; 30 январи 1947, Тонман, ҶШС Қирғизистон) — овозхон, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1981).
Шалоэр Раҳима Сунваровна | |
Таърихи таваллуд | 30 январ 1947 (77 сол) |
Гурӯҳ | «Гулшан» |
Зиндагинома
вироишИнститути давлатии театрӣ-бадеии ба номи А. Островскийи шаҳри Тошкандро соли 1970 тамом карда, дар Театри мусиқии ҳамин шаҳр ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 1972 ба Тоҷикистон омада, муддате дар ансамбли бонувони дуторнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият намуд. Аз соли 1973 овозхони дастаи эстрадии «Гулшан»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ буд. Дар пешбурди эстрадаи тоҷик нақш гузоштааст. Сурудҳо ба тоҷикӣ, қирғизӣ, узбекӣ, русӣ, украинӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва дигар забонҳо адо намудааст. «Афсӯс», «Диёри ишқ», «Танҳоӣ», «Интизорӣ», «Тоҷикистонам», «Шаҳри азиз», «Ҷавонӣ», «Баҳор», «Ошиқон» барин таронаҳояш дар хазинаи радио ва телевизиони тоҷик маҳфузанд. Дар ҳайати ансамбли «Гулшан» қариб ба ҳамаи ҷумҳурияҳои собиқ шӯравӣ, инчунин Афғонистон, Олмон, Лаҳистон, Югославия ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додааст.
Ҷоизаҳо
вироишБо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон тақдир шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |