Раҳим Мусулмониён

мунаққид, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор

Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ (Раҳим Мусулмонқулов) (21.01.1936 Қубодиён - 03.07.2016, Душанбе)— мунаққид, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор.

Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ
Раҳим Мусулмонқулов
Таърихи таваллуд 21 январи 1936
Зодгоҳ ноҳияи Қубодиён
Таърихи даргузашт 3 июли 2016
Маҳалли даргузашт Душанбе
Фазои илмӣ филологияи тоҷик
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, Теҳрон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор

Зиндагинома

вироиш

Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ 21 январи 1936 дар деҳаи Ёбузи ноҳияи Қубодиён, вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Соли 1962 Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Лаборанти калони кафедраи забони арабӣ (1963), аспирант (1963-66), муаллими кафедраи адабиёти советии тоҷик ДДТ (1967-79) буд. Аз соли 1980 мудири ҳамин кафедра.Тайи дувоздаҳ сол раёсати ин кафедраро ба уҳда дошт.

Пас аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги таҳмилӣ дар соли 1992 маҷбур ба тарки Тоҷикистон шуд ва аз соли 1993 то соли 2009 дар Эрон басар бурд. Дар Эрон бо “Донишномаи адаби форсӣ”, “Дафтари фарҳанг ва адаби тоҷик” (Ҳавзаи ҳунарӣ), маҷаллаҳои “Шеър”, “Бухоро”, “Китоби моҳ”, “Ҷаҳони китоб” ва ғ. ҳамкорӣ дошта, ба унвони мушовири илмӣ аз минтақаи Осиёи Марказӣ дар “Бунёди доиратулмаорифи исломӣ” дар Теҳрон фаъолият кардааст. Ҳосили фаъолият дар ин давра 13 китоб ва беш аз 1000 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ аст.

Мақолаи аввалини Р.М. “Нахустин повести нависандаи ҷавон” (1960) аст, ки дар он сухан дар бораи повести Б.Ортиқов “Таътил” меравад. Таълифоти Р.М. аз мақолаҳои илмӣ, рисолаҳои таҳқиқотӣ, асарҳои таълимӣ ва дастурҳо иборат аст. Дар тақриз ва мақолаю рисолаҳои ӯ масъалаҳои мухталифи таърихи адабиёт ва адабиётшиносии тоҷик аз қабили афкори назариявию эстетикии суханварони асримиёнагии форс-тоҷик, робитаҳои адабӣ, эҷодиёти адибони советии тоҷик, масъалаҳои назариявии адабиётшиносии муосир ва илми бадеъ таҳлилу таҳқиқ шудаанд. Мақолаҳои “Сайре дар бӯстони ҳикмат”(1970), “Ду нишони шеъри олӣ” (1971), “Ҳаёти иҷтимоӣ ва тасвири шоирона” (1969-73), “Хоҷа Ҳофиз ва Темури Ланг” (1971), “Ёдгори муфид ва ҷомеъ” (1972), “Мафҳуми “қасида” дар сарчашмаҳои назариявии асрҳои XI-XV” (1979), “Радифи як шоҳасар” (1980), “Қофия: пайдоиш ва арзиш” (1982) ва ғ. аз таълифоти муҳими Р.М. буда, роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни адабиёти классикии тоҷик баҳс мекунанд.

Қисми дигари мақолаҳои Р.М. “Устоди бузурги сухани бадеӣ” (1967), “Образ, санъат ва маҳорат “ (1970), “Андешаҳои гирди шеър” (1973), “Машъали даврон” (1975), “Замон ва сухан” (1976), “Поэтикаи шеъри “Ба В.И. Ленин”” (1980), “Сухане аз маҳорат” (1981), “Шоири навовар” (1983) ва ғ. масъалаҳои муҳими эҷодиёти адибони советии тоҷикро дарбар мегиранд. Дар тақризҳои Р.М. “Насри дилангез” (1968), “Ошёнаш дили халқҳо” (1969), “Шеъри озод дар Тоҷикистон” (1979), “Як рӯи шаҳсутун” (1981) ва ғ. доир ба маҷмӯаҳои гуногун сухан рафта, ҳусну кубҳи онҳо равшан шудааст. Қисми муайяни таълифоти Р.М. аз қабили “Чанд сухан доир ба адабиётшиносии тоҷик” (1972), “Назариётчии бузург” (1981), “Суханшиноси беназир” (1982) ба омӯзиш ва тарғиби осори адабиётшиносони асрҳои миёна оиданд. Рисолаҳои Р.М. “Саҷъ ва сайри таърихии он дар насри тоҷик” (1970), “Талаби замон ва равобити адабӣ” (1973), “Асрори сухан” (1980), “Фурӯғи шеъри ҷонпарвар” (1984) ба табъ расидаанд. Программаи дарсҳои амалию лексионии “Назарияи адабиёт”-ро (1985) танзим ва дастури таълимии “Анъана ва маҳорат” (1985) нашр кардааст. Р.М. рисолаҳои доир ба адабиётшиносии Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ “Бадоеъ-ус-саноеъ” (Д., 1974) ва Ҳусайни Воизи Кошифӣ “Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноеъ-ил-ашъор”-ро (М., 1977) бо пешгуфтору тавзеҳот ба табъ расонидааст. [М. Давлатова аз “Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик”, Душанбе - 1989, ҷ. 2 саҳ. 350.]


Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ 3 июли 2016 бар асари бемории Алтсгеймер дар Душанбе даргузашт, манзили охираташ - оромгоҳи Сари Осиёи шаҳри Душанбе.

 
(رحیم مسلمانیان قبادیانی (لنین گراد

Таълифоти Р.М. Қубодиёнӣ

вироиш
  • Саджъ и его историческое развитие в таджикской прозе. – Автореферат канд. диссертации; Душанбе, 1966.
  • Дӯстии бузург. (Ҷомӣ ва Навоӣ). - Душанбе, 1968.
  • Саҷъ ва сайри таърихии он дар насри тоҷик. - Душанбе: Ирфон, 1970; 220 саҳ.
  • Боқӣ Раҳимзода. Очерки ҳаёт ва эҷодиёт (ҳамроҳ бо Х.Асоев). - Душанбе, 1970.
  • Талаби замон ва робитаҳои адабӣ. - Душанбе: Ҷамъияти “Дониш”, 1973.
  • Атоулло Маҳмуди Ҳусайнӣ. Бадоеъ-ус-саноеъ. Бо муқаддима, тавзеҳот ва таҳрири Р. Мусулмонқулов. - Душанбе: Ирфон, 1974; 224 саҳ.
  • Дар васфи Ленинград. - Душанбе: Ҷамъияти Дониш, 1974.
  • Ленинград ва Тоҷикистон. (ҳамроҳ бо Х.Асоев) -- Душанбе: Ҷамъияти Дониш, 1974.
  • Камалиддин Хусайн Ваиз Кашифи. Бадоеъ-ул-афкар фи санаеъ-ул-ашъар. Изд. текста, предисловие и указатель Р.Мусульманкулова. – М., Наука, 1977; с. 11+222; 4000 экз.
  • Асрори сухан. - Душанбе: Ирфон, 1980; 152 саҳ.
  • Атаулла Махмуди Хусайни. – Душанбе: Дониш, 1983; 196 с.
  • Фуруғи шеъри ҷонпарвар. Маҷмӯаи мақолаҳо. - Душанбе: Ирфон, 1984; 224 саҳ.
  • Анъана ва навоварӣ. - Душанбе: ДДТ, 1985; 116 саҳ.
  • Дарахти дӯстӣ биншон... (Маҷмӯаи мақолаҳо). – Душанбе: Адиб, 1987; 240 саҳ.
  • Назарияи ҷинсҳо ва жанрҳои адабӣ. – Душанбе: Маориф, 1987; 87 саҳ.
  • Персидско-таджикская классическая поэтика X-XV вв. – М.: Наука, 1989; 240 с.; 2500 экз. (русӣ).
  • Назарияи адабиёт. Китоби дарсӣ барои донишгоҳҳо. – Душанбе: Маориф, 1990; 336 саҳ.
  • Дар боғи Фирдавсӣ. – Дар маҷмӯаи: “Эъҷози ҳунар”, – Душанбе: Адиб, 1992; с. 141-291.
  • Тоҷикистон: Озодӣ ё марг! – Теҳрон: Нашри фарҳанги исломӣ, 1373 (1994), 100 саҳ.
  • Забону адаби форсӣ дар Фароруд. – Теҳрон: Дафтари мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи ҶИЭ, 1376 (1997), 220 саҳ.
  • Шеър дар сарчашмаҳои назарӣ. – Теҳрон: Ҳавзаи ҳунарӣ, 1377 (1998) 256 саҳ.
  • Устодон ва ҳамдарсон. Ба шодии панҷоҳумин соли бунёди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ёддоштҳои Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ). – Теҳрон: Ҳафт осмон, 1378 (1999), 14+129 саҳ. (ба сирилии тоҷикӣ ва форсӣ).
  • Саду як андеша. – Теҳрон, 1999, 87 саҳ. (ба сирилии тоҷикӣ).
  • Андешаҳо. – Душанбе: Адиб, 2000, 68 саҳ. (ба сирилии тоҷикӣ).
  • Саду як андеша. (Дафтари дувум). – Теҳрон, 1380 (2000), 142 саҳ.
  • Саду як андеша. (Дафтари севум). – Теҳрон: Нашри рӯзгор, 1381 (2001), 74+102 саҳ. (ба сирилии тоҷикӣ ва форсӣ).
  • Аз Қубодиён то Кирмоншоҳон. Пайванди тоза бо реша. – Теҳрон: Дабирхонаи шӯрои густариши забону адаби форсӣ, 1380 (2001), 195 саҳ.
  • Чаҳор сухан аз Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ. – Теҳрон: Ал Ҳудо, 13823 (2003), 38 саҳ.
  • Ситораҳои Помир. Ошноӣ бо тане чанд аз адибони муосири тоҷик. – Теҳрон: Ал Ҳудо, 1383 (2004), 200 саҳ.
  • Порсии дарӣ. – Теҳрон: Амир Кабир, 1383 (2004), 245 саҳ.
  • Тоҷикон дар таърих. – Теҳрон: Насими Бухоро, 1383 (2004), 104 саҳ. (ба хатти форсӣ)
  • Посух ва ҳазораи дувум, дуруд ба ҳазораи севум. (Феҳристи навиштаҳои Р.М.Қубодиёнӣ); чопи дувум, – Теҳрон, Нашри Балх, 1384 (2005), 130 саҳ.
  • “Тоҷикон 2500 сол...”. – Душанбе: Адиб, 2005; 83 саҳ.(ба сирилии тоҷикӣ)[1].
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.300 - 301 ISBN 978-99947-2-379-9