Раҳмат Раҳимов
Раҳмат Раҳимов — мардумшиноси тоҷик, доктори илмҳои таърих.
Таърихи таваллуд | 1938 |
---|---|
Зодгоҳ | Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 15 май 2013 |
Фазои илмӣ | мардумшиноси тоҷик |
Зиндагинома
вироишРаҳмат Раҳимов соли 1938 ба дунё омадааст. Раҳимов муҳаққиқи фарҳангу анъанаҳои мардуми тоҷик соли 1977 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи "Масоили ниҳодҳои анъанавии сохтори иҷтимоии мардуми тоҷик" ҳимоя карда, соли 1999 бо рисолаи “Ҷаҳонбинии анъанавии тоҷикон: масоили рамзҳову улгуҳо дар фарҳанг” ба унвони доктори илми таърих сазовор шуд. Ӯ рӯзи 15 май, 2013 дар синни 75-солагӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз дунё даргузашт.
Осори илмӣ
вироишРаҳмат Раҳимов беш аз 130 кори илмӣ пиромуни масоили мухталифи фарҳанг ва мазҳаби тоҷикони Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла ду монография - «Мужские дома» в традиционной культуре таджиков» («Мардхонаҳо дар фарҳанги анъанавии тоҷикон»), ки нашриёти “Наука” соли 1991 нашр кардааст, ва «Коран и розовое пламя (Размышления о таджикской культуре)» (“Қуръон ва алангаи гулобӣ (Андешаҳо дар бораи фарҳанги тоҷикӣ)”, ки дар ҳамон нашриёти Петербург соли 2007 чоп шуд, боқӣ мондаанд. "Туфулият дар фарҳанги суннатии мардумони Осиёи Миёна, Қазоқистон ва Қафқоз", «Хушунат дар фарҳанги тоҷикон» низ аз ҷумлаи таълифоти ӯ ба шумор мераванд. Намоишгоҳи соли 1996 ташкилкардаи осорхонаи Пётри Кабир Раҳмат Раҳимов дар мавзӯъи “Матоъҳои абрешим аз хазинаи дарборҳо” ва намоишгоҳи “Шаҳр ва дашт дар Роҳи Абрешим”, ки соли 1991 дар Дания доир шуд, низ бо заҳмати ин бостоншиноси маъруфи тоҷики муқими Петербург созмон ёфтаанд.[1].