Раҳмон Юсуф Аҳмадзод

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод — ходими давлатии тоҷик. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2015). Генерал-полковники адлия.

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тоҷикистон
аз 23 январи 2015
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Таваллуд 22 феврал 1966(1966-02-22) (58 сол)

Зиндагинома

вироиш

22 марти соли 1966 дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Соли 1991 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин.

Аз июли соли 1991 — муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе

Аз августи соли 1992 — муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе.

Аз феврали соли 1993 — муфаттиши парвандаҳои махсусан муҳими Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз ноябри соли 1993 — муфаттиши калон оид ба парвандаҳои махсусан муҳими Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз декабри соли 1995 — прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе

Аз феврали соли 1997 — муовини сардори Раёсат - сардори Раёсати тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз октябри соли 1998 — прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Аз июни соли 2002 — прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Аз феврали соли 2004 — муовини Прокурори генералӣ - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 5 марти соли 2010 то 30 январи соли 2012 — Прокурори вилояти Суғд

Аз 30 январи соли 2012 то 14 декабри соли 2014 — сардори Раёсати амнияти ҷамъиятии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 14 декабри соли 2014 то 23 январи соли 2015 — Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 23 январи соли 2015 — Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисиро хуб медонад

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд[1].

  1. Роҳбарият (tj-tj). Генеральная прокуратура Республики Таджикистан. 15 Январ 2023 санҷида шуд.