Раҷабалӣ Қудратзода

Раҷабалӣ Қудратзода (тав.15.10.1936, деҳаи Некнот, ҷамоати Рӯдакӣ, ноҳияи Панҷакент) — адиб ва рӯзноманигори тоҷик, Корманди шоистаи Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ, Аълочии телевизион ва радиои Иттиҳоди Шуравӣ. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1979).

Раҷабалӣ Қудратзода
Раҷабалӣ Қудратзода
Таърихи таваллуд: 15 октябр 1936(1936-10-15) (87 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент ҶШС Тоҷикистон  Иттиҳоди Шӯравӣ
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: адиб, рӯзноманигор
Ҷоизаҳо: ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ, Аълочии телевизион ва радиои Иттиҳоди Шуравӣ

Зиндагинома вироиш

Раҷабалӣ Қудратзода хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (1959), аз соли 1961 дар идораи гуфторҳо барои мамолики хориҷии радиои Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуда, беш аз 30 сол сармуҳаррири ин шабакаи бонуфуз будааст. Ҳанӯз дар айёми донишҷӯӣ як силсила мақолаҳои гуногунжанраш дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд. Номбурда муаллифи беш аз 600 мақолаҳои адабию публитсистӣ, адабиётшиносӣ, очерку ҳикоя ва эссеву китобиёт ва ба ин васила мубаллиғи ганҷинаҳои адабиёти ҷаҳон аст. Таълифоти зиёдаш дар маҷмуаҳои дастаҷамъӣ интишор гардидаанд. Дар мавзӯи мақом ва шуҳрати Рӯдакӣ ва маҳбубияти ӯ дар олами шеъру шоирӣ зиёда аз 50 маҚола рӯйи чоп овардааст. Китоби «Гулбонги бӯи ҷӯи Мӯлиён» ба ҳамин мавзӯъ ихтисос дорад.

Эҷодиёт вироиш

Р. Қудратзода беш аз 10 драмаи хурду бузург, амсоли «Фарзанди Осиё», «Ишқи Ватан»[1], «Ҳамсафар», «Пайғоми тӯтӣ» ва ғ. таълиф намудааст, ки дар театрҳои давлатӣ ва халқӣ ба намоиш даромадаанд. Асари бачагонаи ӯ «Шоҳдухтари дилдода» дар озмуни байналмилалии Маркази фарҳанги Осиё (Куриёи ҷанубӣ) ғолиб дониста шуда, ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва куриёӣ мунташир гардид (2016). Соли 2016 нашриёти «Русская литература» маҷмуаи мақолоти адабӣ- публитсистии ӯро бо номи «Бар фарози Қуллаҳо» ба табъ расонид. Дар фасли «Ёдҳо ва хотираҳо» даҳҳо чеҳраҳои дурахшони адабу ҳунари тоҷик умри дубора ёфта, рӯзгору осорашон дар дили мардуми мо ошёни абадӣ гузоштаанд. Номбурда муаллифи беш аз 50 барнома ва гуфтори вижаи радиоӣ аст, ки бархе аз онҳо дар «Хазинаи тиллоӣ»- и радиои Тоҷикистон маҳфузанд.

Осор вироиш

  • Назми ҷаҳонтоб.Д, 2011;
  • Шоҳдухтари дилдорда, Д.,2016;
  • Бар фарози қуллаҳо.Д., 2019;
  • Гулбонги бӯи ҷӯи Мӯлиён.Д., 2020.[2]

Эзоҳ вироиш