Раҷабгул Рамазонова

омӯзгор-дефектолог, номзади илмҳои педагогӣ (2013), дотсент (2018)

Раҷабгул Сулаймоновна Рамазонова (26.01.1970, ш. Душанбе) — омӯзгор-дефектолог, номзади илмҳои педагогӣ (2013), дотсент (2018). «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2015)

Раҷабгул Рамазонова
Раҷабгул Сулаймоновна Рамазонова
Таърихи таваллуд 26 январ 1970(1970-01-26) (54 сол)
Зодгоҳ Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Ҷоизаҳо Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015)

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1994–1998- донишҷӯи факултети педагогикаи [Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ]], 1998–2001-лаборанти кафедраи педагогикаи шуъбаи томактабӣ, 2001–2009-ассистенти кафедраи иқтисодии донишгоҳи омӯзгорӣ ва аз соли 2009 ассистент ва муаллими калони кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ, 2014-2016-иҷрокунандаи вазифаи мудир ва аз соли 2016 то ин ҷониб-мудири кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогири факултети психология ва таҳсилоти фарогири [Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ]]. Соли 2013 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Внеклассние творческие объединения учащихся как фактор повишения их технического творчества в средних общеобразовательних школах Таджикистана» дифоъ намуд. Муаллифи 4 монография, 4 маводи таълимию методӣ ва зиёда аз 60 мақолаи илмию методӣ мебошад. Хизматҳояш бо ифтихорномаҳо ва нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) қадр карда шудааст.

  • Истифодаи анъанаҳои миллӣ дар рафти тарбия намудани кӯдакони томактабӣ. Д. - 1999;
  • Инвестиции и инновации в услових ринка. Д., 2004;
  • Пайдоиши пул ва моҳияти он. Д., 2004;
  • Нақши фаъолияти маҳфилҳои эҷодии беруназсинфӣ дар фаъолгардонии эҷоди техники хонандагон дар низоми маорифи Тоҷикистон. Д., 2014;
  • Оила ниҳоди муқаддас дар фарҳанги мардуми тоҷик. Д., 2015;
  • Ташаккули мустақилияти маърифатии низоми таълим дар мактаби олӣ. Д., 2016;
  • Фаъолияти корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ ғайрианъанавӣ дар эҷодиёти хонандагон. Д., 2020.

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ