Рисолаи 10 фасл - яке аз намунаҳои барчастатарини осори шоир Убайди Зоконӣ мебошад, ки дар сабку нигориш дар адабиёти форсу тоҷик собика надорад. Он чун лугат иншо гардида, чанбаи ичтимоияш пурқувват аст. Худи шиор ба он дах фасл ном гузоштааст. Дар дах фасл афкори танкидии нависанда хеле нишонрас аст. Шоир он истилохоту калимахоро тавре шарҳ медихад, ки маънои аслӣ, балки хосияти номатлуби онҳоро баён намуда, мақсадро ошкоро ифода менамояд. Масалан: «Ад дуне» - он чи ки хеч офарида дар он наосояд.