Роберт Сэшенс Вудвортс
Роберт Сэшенс Вудвортс (англ. Robert S. Woodworth; 17 октябри 1869 – 4 июли 1962) — равоншиноси амрикоӣ.
Донишгоҳи Ҳарвардро (магистр, 1897) хатм карда, дар Донишгоҳи Колумбия ба мартабаи докторӣ расидааст (1899); солҳои 1903–42 профессор ҳамин донишгоҳ буд. Таҷрибаҳои нахустинро дар ҷодаи пажӯҳиш бо сайқал додани малакаи корӣ як ҷо бо яке аз бунёнгузорони бихевиоризми ИМА Э. Торндайк ҳосил кард. Соли 1904 дар Намоишгоҳи байналмилалии Сент-Луис таҳқиқоти фарохе анҷом дода, нишон дод, ки доираи тафовутҳои фардӣ миёни намояндагони як қавм нисбат ба доираи тафовутҳои байниқавмӣ фарохтар аст. Дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон (1914–18) дар таърихи равоншиносӣ барои аскарони нав саволнома – нахустин тест (имтиҳон)-и шахсиро таҳия кард. Дар китоби «Равоншиносии динамикӣ» (1918) ақида дар боби аҳаммияти усулии сабабҳоро дар шаклгирии рафтор инкишоф дод. Вудвортс ба шакли тезис пешниҳод кард, ки формулаи асосии эзоҳии рафтор барои бихевиоризм: «омил → вокуниш» (S → R) маҳдуд ва номукаммал буда, дохил намудани ҳалқаи мобайнӣ, маҳз организм бо бузургиҳои аслии хоссашро (S → O → R) тақозо менамояд. Ӯ бо ин тарз таҳаввули бихевиоризм ба необихевиоризми нисбатан нармро пешакӣ пай бурд. Рисолаҳои илмию монографияҳояш дар боби равоншиносии таҷрибавӣ ва таърихи равоншиносӣ маъруфияти В.-ро афзуданд. Соли 1914 президенти Ассотсиатсияи равоншиносони ИМА интихоб шуд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Вудвортс // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.