Розия Борисовна Акобирова (4 июни 1937, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон — 11 феврали 2009, Маскав, Русия) — ҳунарпеша ва ёвари коргардони кино.

Розия Борисовна Акобирова
Таърихи таваллуд: 4 июн 1937(1937-06-04)
Зодгоҳ: Душанбе
Таърихи даргузашт 11 феврал 2009(2009-02-11) (71 сол)
Маҳалли марг: Маскав, Русия

Зиндагинома

вироиш

Розия Акобирова дар техникуми китобхонавии шаҳри Душанбе хонда, ба сифати раққосаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳунар озмудааст. Солҳои 1960—1994 дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба ҳайси ассистенти коргардон заҳмат кашидааст. Солҳои охири ҳаёташ дар шаҳри Маскав гузаштааст ва онҷо 11.02.2009 ба хок супорида шудааст.

Эҷодиёт

вироиш

Розия Акобирова бори аввал, соли 1957, дар нахустин навори филми рангаи бадеӣ-мазҳакавии истеҳсоли «Тоҷикфилм» «Ман бо духтаре вохӯрдам» нақши ҷолиб (Лола)-ро бозид ва минбаъд аз маҳораташ борҳо истифода бурдаанд. Хидматаш дар таҳияи (ҳамчун ёвари коргардон), бисёр филмҳои бадеӣ, аз қабили «Достон дар бораи Рустам», «Буд-набуд дар синфи якум буд», «Гуреза», «Достони шарқӣ», филмҳои зиёди ҳуҷҷатӣ, ҳамчун «Ёди Помир», «Панҷруд», «Дили беқарор» хеле калон аст. Розия Акобирова барои саҳмаш дар синамо бо ду Ифтихорномаи Фахрии Президуми Совети Олии Тоҷикистон сарфароз шудааст.[1]

  1. Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе, 2012. — C.55