Роёнаи рӯмизӣ
Роёнаи рӯмизи (англ. Desktop computer) — мошини электрониест, ки додаҳои хомро ба иттилооти қобили фаҳм табдил мекунад ва барои истифодаи рӯйи миз дар манзил ё маҳалли кор сохта шудааст ва бо роёнаҳои қобили ҳамл мисли лептопҳо ва PDA-ҳо фарқ мекунад. Ба роёнаи рӯмизӣ микрокомпютер ҳам мегӯянд. Чаҳор навъи роёнаи рӯмизӣ вуҷуд дорад: роёнаи хонагӣ, ё роёнаи шахсӣ, воҳидҳои корӣ (work station), серверҳои интернетӣ ва роёнаҳои хосси мухобиротӣ.
Роёнаҳои рӯмизӣ аз назари қимат маъқултарин ва қобили таҳиятарин ҳастанд ва ҳам дар кор, ҳам дар манзил ва ҳам дар мактабҳо ҳузур доранд ва барои анҷоми вазифаҳои идорӣ, созмондиҳии тасовири диҷитол, тадвини видеоӣ ва дастраси ба интернет истифода мешаванд. Тақрибан тамоми роёнаҳои рӯмизӣ аз бахшҳое ташкил шудаанд, ки метавон ба роҳати ҷойгузин ё барӯзшон кард.
Роёнаҳои рӯмизӣ навъҳои гуногуни ҷаъбаи роёна доранд аз навъҳои бузурги амудӣ то моделҳои хурд, ки метавон пушти намоишгари LCD пинҳоншон кард.