Роёниши абрӣ
Роёниши абрӣ (англ. cloud computing) модели роёнишӣ бар пояи шабакаҳои бузурги компутарӣ монанди Интернет аст, ки улгуи шаблони тоза барои ариза, масраф ва таҳвил сервисҳои фанноварии иттилоот (шомили сахтафзор, нармафзор, иттилоот, ва сойри манобеъ иштироки роёниши) бо ба коргирии Интернет ироа мекунанд. Роёниши абрӣ роҳкорҳои барои ироаи хидмати фанноварии иттилоот ба шеваҳои машобеҳ бо синояи ҳамгонӣ (об, барқ, телефон ва …) пешниҳод мекунад. Ин бо ин маънӣ аст, ки дастраси ба манобеъи фанноварии иттилоот дар замоне тақозо ва бар асоси мизон тақозои корбар ба гунае эластик ва ё кешдор ва миқёспазир аст, истиъорӣ, ки ба Интернет ишора мекунад ва дар намудорҳои шабакаҳои роёнаӣ низ аз шакаои абр барои нишон додани шабакаи Интернет истифода мешавад. Далели ташбеҳ ба абр дар ин аст, ки Интернет ҳамчун абр ҷузъиёти фанниашро аз диди корбарон пинҳон месозад ва лоиҳае аз интизоъро байни ин ҷузъиёти фаннӣ ва корбарон ба вуҷуд меоварад. Ба унвони мисол як ироадиҳандаи хидмати роёниши абрӣ ироаъ мекунад, барномаҳои корбурди тиҷорӣ бархат — онлайн аст, ки аз тариқи мурургари веб ё нармафзорҳои дигар ба корбарон ироаъ мешавад. Нармафзорҳои корбурди ва иттилоот руи серверҳо ё пойгоҳҳо захира мегарданд ва бар асоси тақозо дар ихтиёри корбарон қарор мегиранд. Ҷузъиёти аз диди корбар махфӣ мемонад ва корбарон ниёзе ба тахсис ё контрол дар мавриди зерсохти абрӣ, ки аз он истифлда мекунанд, надоранд.
Нигаред низ
вироишАдабиёт
вироиш
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |