Роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин

Роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин — Ин қитъаи роҳ дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буда, пойтахти кишварро бо шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин васл мекунад ва яке аз дарвозаҳои асосӣ барои пайваст намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Дарозии умумии роҳи мазкур 32 километрро дар бар мегирад.[1]

Корҳои сохтмонӣ

вироиш

Қитъаи роҳи мошингарди “Кӯлоб - Шамсидин Шоҳин” дар идомаи роҳи мошингарди “Кӯлоб - Қалъаи Хумб” бо мақсади баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд гардида, дар доираи татбиқи марҳилаи навбатии лоиҳавӣ навсозӣ шуд. Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2019 Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштирок варзида, мутахассисону роҳсозонро бобати анҷоми босифати тадбирҳои сохтмонӣ вазифадор карда буданд. Ҳадафи асосии сохтмони иншооти мазкур таъмин намудани бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ барои кашондани молҳои ниёзи мардум дар ҳама фасли сол ва таъмини ҷойҳои корӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози лоиҳа Маркази татбиқи Лоиҳаи таҷдиди Роҳи автомобилгарди Душанбе—Хуҷанд—Чаноқ буда, пудратчии асосӣ — Ширкати чинии «Хинҷиян Констракшн ва Энержиан Групп ЛТД» ва «Консалтинг компани ЛТД» мебошанд. Мувофиқи лоиҳа, қитъаи роҳи “Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин” ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ гардонида шуда, дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб паҳноии умумии роҳ аз 21 то 23 метр ва дар дигар мавзеъҳо то 17 метрро ташкил медиҳад. Ин қитъаи роҳи мошингард аз ду хати ҳаракат иборат буда, паҳноии стандартии роҳ ба 12 метр баробар мебошад ва паҳноии қисмати роҳи мошингард 7 метрро ташкил медиҳад. Канораҳои роҳ ба 2,5 метр баробар буда, мувофиқи меъёрҳои сохтмонӣ, аз километри 6,6 то километри 21-ум бо назардошти нишебии тӯлонӣ ва таъмини ҳаракати бехатар се хати ҳаракат бунёд шудааст. Дар роҳи мазкур мувофиқи лоиҳа 3 пул бо дарозии умумии 220 метри тӯлонӣ бунёд карда шуд. Ҳангоми амалисозии тадбирҳои сохтмонӣ аз тарафи мутахассисони роҳсоз қубурҳои обгузар васл карда шуда, корҳо дар самти бунёди такядеворҳои оҳану бетонӣ, мумфаршкунии қабатҳои алоҳидаи роҳ бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд. Барои таъмини бехатарии роҳ бошад, сохтмони деворҳои муҳофизатӣ, бунёди пиёдароҳҳо, равшаннамоии минтақаҳои аҳолинишин, сохтмони канорасангҳо ҷавобгӯ ба стандарҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ амалӣ карда шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 490 коргар, аз ҷумла, 400 корманди маҳаллӣ бо ҷалби 76 техникаи махсус тадбирҳои роҳсозиро ба поён расониданд.[2]

Дар ҳошияи татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин, инчунин мутобиқи дастури роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду дидбонгоҳ барои сарҳадчиён ва кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ, як хонаи модару кӯдак, иншооти ёрирасон, се таваққуфгоҳ барои мошинҳои боркаш ва истгоҳҳои замонавӣ бунёд гардиданд. Ҳамзамон дар километрҳои 182-250-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, воқеъ дар назди Терминали мусофиркашонии шаҳри Кӯлоб, ки бар асари офати табиӣ осеби ҷиддӣ дида буд, қубурҳои обгузари оҳану бетонӣ бо дарозии 140 метр ва деворҳои оҳану бетонӣ бо дарозии 80 метр бунёд ва ба истифода дода шуд. Дар қитъаи мазкур корҳои оҳану бетонӣ ва тадбирҳои ободонӣ бо сифати баланд анҷом дода шудааст.

Аҳамият

вироиш

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин дар самти татбиқи стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар дастоварди бузург ба ҳисоб меравад. Тавассути ҳамин роҳ молу маҳсулоти содироту воридотшаванда интиқол дода мешавад. Бунёди роҳ аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи устувор мегузорад.[3]

Сармоягузории давлатӣ

вироиш

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо намудану ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар солҳои минбаъда 1500 километр роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ бунёд менамояд. Маҷмӯан дар соҳаи нақлиёт зиёда аз 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 20,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Ин тадбири Ҳукумати мамлакат барои ҳаракати бемамониати нақлиёт дар тамоми фасли сол, интиқоли саривақтии молу маҳсулот ва сафари бехатари шаҳрвандон мусоидат мекунад.

Нигаред низ

вироиш
  1. Ифтитоҳи шоҳроҳи “Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин” дар шаҳри Кӯлоб(тоҷ.). www.president.tj (2021). 10 июли 2023 санҷида шуд.
  2. Ифтитоҳи шоҳроҳи “Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин” дар шаҳри Кӯлоб(тоҷ.). www.president.tj (2021). 10 июли 2023 санҷида шуд.
  3. Ифтитоҳи шоҳроҳи “Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин” дар шаҳри Кӯлоб(тоҷ.). www.president.tj (2021). 10 июли 2023 санҷида шуд.