Роҳи пулакии автомобилӣ

Роҳи пулакӣ — роҳест, ки барои гузаштан аз он маблағи муайян пардохта мешавад. Одатан роҳҳои босуръат, пулҳо ва нақбҳо пулакӣ мешаванд.

Макони пардохти роҳи пулакӣ дар Мексика
Hongkong

Сохтор

вироиш

Се системи роҳҳои пулакӣ мавҷуданд: кушод (бо макони ҷамъоварии маблағ, ки нақлиёти асосиро мебандад), пӯшида (ҷамъоварӣ дар ҳоли воридшавӣ / хуруҷ) ва системи электронии пардохти маблағ (макони ҷамъоварии маблағ нест, танҳо пардохти электронӣ дар ҳолати воридшавӣ / хуруҷ ва дар маконҳои стратегии роҳи муҳим).

Дар системи кушод тамоми нақлиёт дар бархе аз нуқоти роҳ барои пардохти маблағ боздошта мешаванд. Гарчанде ин систем барои сохтани бунгоҳҳоро дар қисмҳои гуногуни роҳ талаб намекунад, ин систем проблемаҳои худро дорад, мошинҳо ба қатораҳо табдил меёбанд ё ронандагон аз пардохт дар ҳоли воридшавӣ ва хуруҷ саркашӣ мекунанд.

Дар системи пӯшида саёҳатчиён барои воридшавӣ чиптаҳоро харидорӣ мекунанд. Дар баъзе ҳолатҳо чиптаҳо миқдори пардохти маблағро нишон медиҳанд. Дар ҳоли воридшавӣ ронанда вазифадор аст маблағи ишорашударо пардохт намояд. Агар чипта гум шавад, ронанда бояд маблағи пурра максималиро пардохт намояд.

Дар роҳҳои кӯтоҳ бидуни ягон воридшавӣ ва хуруҷ танҳо як бунгоҳи пардох дар як охири роҳ гузошта мешавад. Ронандагони ба ягон самт рафта истлда маблағи тағйирдодашударо дар воридшавӣ ё хуруҷ пардохт менамояд. Дар ҳолати системи пӯшидаи роҳҳои пулакӣ, пешгир ё панҷараҳои дар ду охири роҳҳои пулакӣ вуҷуд доранд, ва ҳар яки он мубодилаи рампаи пулакиро дорад, ки дар воридшавӣ ё хуруҷ пардохт карда мешавад. Дар ин ҳолат ронанда маблағи тағйирдода шударо дар ворид шудан пардохт мекунад ва дар вақти хуруҷ қисми дуюми маблағро пардохт мекунад; чипта лозим нест.

Системаи пурраи электронӣ ба автомобил насб кардани махсус транспондери электрониро талаб менамояд. Транспондер ба оинаи пеши гузошта меравад ва дар бораи ронанда иттилооте дорад. Абзорҳои муосири ин намуд системҳои пардохти электронӣ имкон медиҳанд ки иттиллоот чун паёми электронӣ аз транспондер дар ҳолати суръати баланд низ фиристода шавад. Ҷамъ кардани пули роҳ бидуни нигоҳ доштани автомобил сурат мегирад, инчуни паст кардани суръат ронданро низ талаб наменамояд.

Роҳҳои муосири пулакӣ одатан аз ҳар се системҳои ҷамъ оварадани маблағ истифода мебаранд.

Роҳҳои пулакӣ дар Русия

вироиш

Дар Федератсияи Русия сохтумони роҳҳои пулакӣ аз соли 1998 шурӯъ шуд.

Пайвандҳо

вироиш