Рудолф Гелпке (англ. Rudolf Gelpke; 24 декабри 1928, Валденбург, Швесария − 19 январи 1972, Люсерн, Швейсария) — нависанда ва тарҷумони олмонизабони швейсарӣ, эроншинос, пажӯҳишгари забону адабиёти форсӣ ва забонҳои ҳиндуаврупоӣ.

Рудолф Гелпке
Таърихи таваллуд: 24 декабр 1928(1928-12-24)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 19 январ 1972(1972-01-19) (43 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: тарҷумон, нависанда

Зиндагинома

вироиш

Дар донишгоҳҳои Базел, Берлин, Сюрих антропология, таърихи адён (бештар ислом), фалсафаро омӯхт. С. 1957 барои рисолааш оид ба Султон Масъуди Ғазнавӣ унвони доктори илмро гирифт.

Фаъолияти эҷодӣ

вироиш

Фаъолияти эҷодияш аз нависандагӣ оғоз ёфтааст (романи «Ҳулгер ва Мирям», 1951). Солҳои сафараш ба Эрон (1958 — 60; 1963 — 71) оид ба адабиёти Эрон, забони форсӣ ва лаҳҷаҳо мавод ҷамъоварӣ намуд. Забону адабиёти форсиро дар донишгоҳҳои Берн ва Калифорния дарс медод. Ба қалами Г. рисолаҳои «Адабиёти мансури Эрон дар қарни бистум» (1960), «Достоннависони барҷастаи муосири Эрон» (1961) ва ғ. тааллуқ доранд. Ба забони олмонӣ пораҳо аз «Ҳафтпайкар» ва «Лайлию Маҷнун»-и Низомӣ, Достони «Амир Арслон», «Гулистон»-и Саъдӣ ва ғ.-ро тарҷума кардааст. Дар таҳияи «Атласи забоншиносии эронӣ» (1962) иштирок кардааст.

Адабиёт

вироиш
  • نیک بین نصرالله. فرهنگ جامع خاورشناسان مشهور و مسافران به مشرق زمین. جلد ۲. تهران، ۱۳۸۰ ش.؛
  • دانشنامه دانش گستر. جلد ۱۴. تهران، ۱۳۸۹ ش.ر

Сарчашма

вироиш