Рустамалии Хуросонӣ
Камолуддин Рустамалӣ (форсӣ: کمالالدین رستمعلی; қарни XV — 1536, Ҳирот) — хушнавис, музаҳҳиб, мусаввир ва чеҳранигори тоҷик, хоҳарзодаи Камолуддин Беҳзод.
Зодгоҳ: | |
---|---|
Мамлакат: |
Зиндагинома
вироишДар Ҳирот таваллуд шуда, дар Қазвин вафот кардааст. Санъати наққоширо аз Камолуддин Беҳзод ва Оқо Мирак омӯхтааст. Дар ҳунари тазҳиб «бебадали замон» будааст. Муддате дар китобхонаи Ҳусайни Бойқаро вазифаи сармузаҳҳибиро ба зимма доштааст. Девонҳои Ҷомӣ, Навоӣ ва Ҳотифиро ҷадвалкашию лаввоҳӣ кардааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Камолуддин Рустамалӣ // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.