Рустам Аҳадов

продюсери кинои тоҷик

Рустам Боқиевич Аҳадов (Тав. 10.01.1958, ш. Душанбе) — садобардор, продюсери филм. Узви ИК СССР (1988). Фарзанди Аҳадов Бокиҷон (ниг. кит. 1). Хатмкардаи мак. миёнаи № 4 ш. Душанбе (1976). Дар факултаи тарбияи ҷисмонии ИПД ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло – ДДОТ ба номи С.Айнӣ) таҳсил кардааст (1976–1981). Ассисенти садобардор, садобардори киностудияи «Тоҷикфилм» (1982–1995). Дар ин муддат дар офаридани филмҳои зерини бадеӣ ва мустанад садобардор будааст: «Ба дӯстон хиёнат намекунанд» (1984), «Валодат» (1984), «Қатораи иловагӣ ба роҳи дуюм меояд» (1985), «Дарвеши ланг» (1987), «Устод» (1987), «Савт» (1987), «Бут» (1988), «Бародар» (1990), «Кош ба кош» (1993), «Ввысь» («Иртифоъ», Россия, 1999), «Подмосковная элегия» («Муноҷоти Москва», Россия, 2002), «Шик» («Кашанг», Россия–Олмон– Швейсария, 2003) ва ғ. Соли 1995 бинобар вокеаҳои маълум ба Русия кӯчидааст. Дар киностудияи «Мосфилм» ва киноширкати «АРСИ–филм» продюсери филмҳои «Требуется няня» («Доя лозим», 2005), «Ничего личного» («Азхудгузаштанҳо», 2007), «Сынок» («Писарҷон», 2009) ва ғ. будааст.[1]

Рустам Аҳадов
Ном ба ҳангоми таваллуд: Рустам Боқиевич Аҳадов
Таърихи таваллуд: 10 январ 1958(1958-01-10) (66 сол)
Зодгоҳ: Душанбе
Шаҳрвандӣ:
Касб: садобардор, продюсер
Ҷоизаҳо: Номинатсия ба ҷоиза барои Беҳтарин овоз дар филми Падари моҳтобӣ

Пайвандҳо

вироиш
  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6