Рустам Абдураҳмонович Аҳмадов (18.10.1952, Душанбе) — 10.02.2010, дар ҳамон ҷо) — муаррих, муаллими варзиш. Номзади илмҳои таърих (1991).

Рустам Аҳмадов
Рустам Абдураҳмонович Аҳмадов
Таърихи таваллуд 18 октябр 1952(1952-10-18)
Зодгоҳ Душанбе
Таърихи даргузашт 10 феврал 2010(2010-02-10) (57 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Рустам Абдураҳмонович Аҳмадов дар Техникуми физкултураи Душанбе таҳсил кардааст (1969–71). Муаллими тарбияи ҷисмонии мак. миёнаи № 36 Душанбе (1971–1981). С. 1986 факултаи таърихи ИПД ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Муаллими каф. таърихи ИПД ба номи Т.Г. Шевченко (1986–1988). С. 1991 рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллими калони каф. таърих ва илмҳои ҷамъиятшиносӣ, ҷон. декан оид ба таълими донишҷӯ ёни хориҷӣ; ноиби ректор оид ба қисми хоҷ. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1991–2006), ноиби рек. оид ба корҳои илмии ДДЗТ ба номи С. Улуғзода (2006–10). Дар даврони шӯравӣ муддати 5 сол роҳбари отрядҳои минтақавии бинокории донишҷӯёни Тоҷикистон дар гӯшаҳои гуногуни СССР будааст. Барои саҳми боризаш дар рушди вилояти Мурманск ва Комбинати маъдантозакунии Апатити РСФСР бо ордени «Нишони Фахрӣ» мукофотонида шудааст.[1]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6