Рустам Комилов
Рустам Комилов (Комилов Рустам Саъдуллоевич; 01.02.1963, ноҳияи Янгибозор) — шарқшинос ва файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа, профессор.
Комилов Рустам Саъдуллоевич | |
Таърихи таваллуд | 1 феврал 1963 (61 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ваҳдат, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Ҷойҳои кор | Институти шарқшиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои фалсафа |
Алма-матер | Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Зиндагинома
вироишКомилов Рустам 01.01.1963 дар Янгибозор (шаҳри Ваҳдат) таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб, соли 1981 ба факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.Ленин (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1985 бо ихтисоси филолог хатм кардааст. Солҳои 1988—1991 ассистенти кафедраи таърихи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, аз соли 1991 то 1995 дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДДТ[1] ва баътар иҷрокунандаи вазифаи профессор, солҳои 1995—2002 мудири кафедраи фалсафаи Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2001—2005 профессори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДМТ, аз соли 2005 то 2008 мудири шуъбаи аспирантура ва докторантураи ДМТ, солҳои 2008—2009 мудири кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ, аз соли 2010 то 2014 ба ҳайси мудири кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ, солҳои 2015—2023 профессори кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ фаъолият карда ва аз соли 2023 то ҳол Сарходими Институти илмҳои таҳқиқотии ДМТ мебошад. Комилов Рустам Саъдуллоевич беш аз 400 асару мақолаҳои илмӣ ва китобу воситаҳои таълимӣ таълиф кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ даҳ (15) номзади илм ва як (1) доктори илмҳои фалсафа ба камол расидааст.
Осор
вироиш- Таълимоти иҷтимоӣ-ормонии дар таърихи фалсафаи асрҳои XIII-XV-и тоҷик. — Д.: — 1993
- Мухтасари таърихи адён. -Д.: — 1995
- Сайре дар андешаҳои иқтисодии ҷаҳони ислом. -Д.: — 1996.
- Назарияи ҷомеаи ормонӣ дар таърихи фарҳанги форсу тоҷик. -Д.: — 1997.
- Аз таърихи афкори иҷтимоӣ- сиёсии аҳди Сомониён. — Д.: — 1998.
- Таълимот дар бораи ҷомеаи ормонӣ дар таърихи фарҳанги тоҷику форс: аз аҳди қадим то қарни XVI. -Д.: — 2001.
- Фарҳанги мухтасари ҷаҳонбинӣ. — Д.: — 2001.
- Дар ҷустуҷӯи ҳикмат. -Д.: — 2005.
- Фалсафаи ҳуқуқ. -Д.: — 2005.
- Фалсафаи илм. — Д.: — 2008.
- Фалсафаи тоҷик: аз аҳди бостон то имрӯз. -Д.: — 2011.
- Аз таърихи фалсафаи ҳуқуқ. — Д.: — 2013.
- Мантиқи ҳуқуқӣ. -Д.: — 2014.
- Соҳибмактабе дар илми дорушиносии муосири тоҷик. — Д.: — 2014.
- Ҳакими ҳикматшинос. (-Д.: — 2014.
- Таърихи фалсафаи тоҷик. -Д.: — 2024.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Кафедра истории философии и социальной философии – tnu (ru-RU) (26 Январ 2024). 30 Январ 2024 санҷида шуд.