Рустам Юлдошев
Рустам Рӯзибоевич Юлдошев (тав. 2.05.1958, ноҳияи Ғафуров) - омӯзгор, номзади илмҳои таърих, дотсент.
Рустам Рӯзибоевич Юлдошев | |
Таърихи таваллуд | 2 май 1958 (66 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ғафуров), вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров |
Зиндагинома
вироишСоли 1978 Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Кировро хатм кардааст. Ихтисос муаллими таърих ва ҷомеашиносӣ.
- Солҳои 1978-1981 Муаллими фанни таърих ва ҷомеашиносӣ МТМУ №7 ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Б.Ғафуров).
- Солҳои 1981-1984 Декани университети марксизм-ленинизми кумитаи ҳизби коммунистии вилоятӣ.
- Солҳои 1984-1988 Ректори университети марксизм-ленинизми кумитаи ҳизби коммунистии вилоятӣ.
- Солҳои 1988-1990 Мушовири шӯъбаи идеологии кумитаи ҳизби коммунистии вилоятӣ.
- Солҳои 1990-1991 Шунавандаи мактаби олии ҳизби коммунистии шаҳри Тошканд.
- Солҳои 1991-1995 Дотсенти кафедраи таърихи умумӣ, муовини декани факултети Таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Солҳои 1995-1999 Ҷонишини Раиси ноҳияи Б.Ғафуров.
- Солҳои 1999-2001 Дотсенти кафедраи таърихи умумии факултети Таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Раиси кумитаи Ҳукумати ноҳияи Б.Ғафуров.
- Солҳои 2001-2004 Дотсенти кафедраи таърихи умумӣ, муовини декани факултети Таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Солҳои 2004-2015 Мудири кафедраи таърихи умумии факултети Таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Аз соли 2015 то ҳол Дотсенти кафедраи таърихи умумии факултети Таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. [1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Юлдошев Рустам Рӯзибоевич(тоҷ.). www.hgu.tj. 14 Декабри 2023 санҷида шуд.