Рухшона Маткаримова

Рухшона (ӯзбекӣ: Ruxshona), исми аслӣ — Маткаримова Рухшона Тойир қизӣ (ӯзбекӣ: Matkarimova Ruxshona Toyir qizi; зод. 21 марти соли 1994) — сароянда, актриса ва барандаи ӯзбек[1][2].

Рухшона Маткаримова
ӯзбекӣ: Matkarimova Rukhshona Toyir Kizi, Маткаримова Рухшона Тойир қизи
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 21 март 1994(1994-03-21) (30 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон

Зиндагинома вироиш

Рухшона 21 марти соли 1994 дар Тошканд таваллуд шудааст. Соли 2010 Рухшона дар лоиҳаи мусиқии ширкати медиавии Акфа ширкат дошт. Солҳои 2007—2010 дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии эстрадӣ ва сирк таҳсил кардааст. Аз соли 2019 то имрӯз донишҷӯи Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавӣ мебошад. Соли 2014 Рухшона бо коргардони синамо Санҷар Маткаримов издивоҷ кард[3]. Соли 2015 Рухшона як духтаре бо номи Ҳабиба дошт. Соли дигар, яъне соли 2016, писараш Шукурбек ба дунё омад[4][5].

Корнома вироиш

Корномаи овозхонӣ вироиш

Рухшона фаъолияти овозхонии худро соли 2010 оғоз кардааст. Нахустин сингли Рухшона бо номи «Юрагим» дар Ӯзбекистон хит шуд ва ӯ дар фарҳанги эстрада баланд шуд. Пас аз муваффақияти суруди Юрагим дар соли 2011, Рухшона аввалин албоми худ бо номи Азизимро баровард. Албом яке аз албомҳои серфурӯши сол гардид. Соли 2011 бо овозхони маъруф Авраам Руссо суруд хонд[6].

Албоми дуюми Рухшона Ҷонӣ-ҷонӣ соли 2013 ба табъ расид[7]. Нахустин сингли албоми «Ватан» дар шабакаҳои радиоӣ мунташир шуд ва аз ҷониби мухлисон хуш пазируфта шуд. Синглаҳои «Шекилли», «Яна Яна», «Румбака», «Унутма мени» низ хит шуданд. Рухшона зиёда аз 60 суруди аслӣ ва зиёда аз 25 клип дорад.

Фаъолияти актёрӣ вироиш

Рухшона дар чанд филми узбекӣ нақш бозидааст. «Шомурод ва Дурдона», ки дар он нақши асосиро Рухшона иҷро кардааст, дар прокати ҳунарӣ хуб баромад ва Рухшона барои нақшаш баҳои мусбат гирифт. Вай инчунин дар соли 2011 дар филми узбекии «Дояҳо» нақш бозидааст. Саундтреки филми «Хостгории замонавӣ»-ро худи Рухшона иҷро кардааст. Рухшона дар филми «Занги ғайричашмдошт», ки миёни ӯзбекҳо машҳур буд, нақш бозидааст[8].

Дискография вироиш

Албомҳои студиявӣ вироиш

  • Азизим (2011)
  • Ҷони-ҷони (2013)

Видеои мусиқӣ вироиш

Сол Суруд Коргардон
2010 «Yuragim» Рустам Муродов
«Sog’indim yana» (feat. Bojalar and Sirojiddin) Рустам Ҷамолов
«Azizim» Рустам Муродов
«Chegaralar bormi» (feat. Bojalar) Сарвар Исоев
«Qachondir» Ёдгор Носиров
«Seni deya» (feat. Sirojiddin) Мурод Содиқов
2011 «Zamonaviy sovchilar» Ҷонрид Сагиев
«Seni sevaman» (feat. Зиёда Кобилова) Ҷасур Шаметов
«Soy bo’yida» Ёдгор Носиров
«Xizmat doirasidan tashqarida» Ҷаҳонгир Ахмедов
«Yur» Сарвар Каримов
2012 «Благодарю» (feat. Авраам Руссо) Мирмақсуд Охунов
«Imkon bo’lmasa» Сарвар Каримов
«Sevasan mani» Сарвар Каримов
«Suesen meni» Сарвар Каримов
«Bir kun» Дилмурод Масаидов
«Yaqining bo’lay» Сарвар Каримов
«Не играй» Сарвар Каримов
2013 «Kabutar» Сарвар Каримов
«Vatan» Ҷонрид Сагиев
«Joni-joni» Ҷонрид Сагиев
«Yalla» Ҷонрид Сагиев
2014 «Shekilli» Санҷар Маткаримов
2015 «Hayot» Санҷар Маткаримов
«Жизнь» Санҷар Маткаримов
2016 «Rumbaka» Санҷар Маткаримов
2017 «Yurakkinam» Санҷар Маткаримов

Филмнома вироиш

Ин рӯйхати хронологии филмҳоест, ки дар он Рухшона иштирок мекунанд[9].

Слл Филм Нақш Манбаъ
2010 Шомурод ва Дурдона
Бекорчилар (Бекорхӯҷа)
Борилар-3 Охирги қарз (Гургон-3) Рухшона [10]
2011 Учрашув (Вохӯрӣ) Рухшона
Замонави совчилар (Хостгориҳои муосир) Рухшона [11]
Энагалар (Дояҳо) Нозима
Нарфрат
2012 Андиҷонлик меҳмон (Меҳмон аз Андиҷон) Назокат
Кутилмаган қонгироқ (Занги беинтизор) Асал
Хидмат доирасидан ташқарида (?) Гулӣ
2013 Бекорчилар макони (Макони бекорхӯҷаҳо) Карина
2014 Замонвий совчилар 3 (Хостгории замонавӣ 3) Рухшона [12]

Эзоҳ вироиш

  1. Ruxshona: «Yangi yil kuni mehmon kutish jonu dilim»(ӯзб.). zamin.uz (1 January 2019).
  2. Ruxshonaning hayoti va ijodi(ӯзб.). muz.uz.
  3. RUXShONA VA SANJAR: — «SEVGI, BU......TO`PORI QIZNING KELINLIK VAZIFALARINI BEShGA BAJARIDAGAN RAFIQAGA AYLANIShI!»(ӯзб.). darakchi.uz (14 September 2019). 19 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 июни 2021.
  4. Xonanda Ruxshona va aktrisa Muqaddas Sa’dullayeva farzand kutayotgani xabar qilindi(ӯзб.). daryo.uz (23 April 2015). 19 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 июни 2021.
  5. Xonanda Ruxshona o‘g‘liga qanday ism qo‘yganini ma’lum qildi(ӯзб.). daryo.uz (23 August 2016). 19 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 июни 2021.
  6. Авраам Руссо и Рухшона — Благодарю. bestmusic.uz. 19 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 ноябри 2021.
  7. Рухшона янги қўшиқ тақдим этишга шай(ӯзб.). popcornuz.com (7 June 2014).
  8. Хонанда Рухшона билан интервью(ӯзб.). myday.uz (11 August 2017).
  9. Ruhshona Matkarimova ijrosidagi filmlar ro'yxati(ӯзб.). buluteka.com. 19 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 июни 2021.
  10. Borilar-3 Oxirgi qarz aktyor va ijodkorlar(ӯзб.). 19 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 ноябри 2021.
  11. Ruxshona — Zamonaviy sovchilar, Рухшона — Замонавий совчилар (1 July 2019).
  12. O'zbek filmi «Zamonaviy sovchilar-3». uzbeklar.net.

Пайвандҳо вироиш