Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ
Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ
Таърих
вироишҚарори таҷлили Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ 20 декабри соли 2013 дар ҷаласаи 68-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст. Пеш аз ин 20 декабри соли 1973 Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (Конвенсияи СИТЕС) қабул шудааст, ки иштирокдорони он 180 давлати дунё мебошанд.[1]
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (Конвенсияи СИТЕС) 24 июни соли 2015 бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №112 ҳамроҳ шудаст.
Собиқ Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун 20 декабри соли 2013 дар паёми худ чунин гуфт: «Дар рӯзи байналмилали табиати ёбоӣ аз ҳамаи шаҳрвандон, ширкатҳо ва ҳукуматҳо даъват мекунам, ки нақши худро дар муҳофизати ҳайвонот ва рустаниҳои ёбоӣ, ки дар дунё мавҷуданд, гузоранд. Амали ҳар яки мо тақдири табиати ёбоии ҷаҳонро муайян мекунад. Ояндаи табиати ёбоӣ дар дасти мост».
Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ имконият медиҳад, ки ба гуногуншаклӣ ва зебоии нишонаи ҳайвонот ва набототи ёбоӣ диққат дода шавад. Инчунин ин рӯз барои баланд бардоштани маълумотнокии одамон оид ба аҷоиботи фаъолияти ҳифзи табиат мусоидат мекунад. Ба ғайр аз ин, Рӯзи ҷаҳонии табиати ёбоӣ моро аз зарурати тақвият бахшидани мубориза бо ҷиноятҳое, ки ба ин табиат марбутанд, хотиррасон мекунад. Он дорои натиҷаҳои дурударози иқтисодӣ, муҳитизистӣ ва ҷамъиятӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои намудҳои гуногуни ҳайвонот ва рустаниҳо мебошад. То ба имрӯз аз ҷониби олимон ва мутахассисон зиёда аз 13 000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4500 намуди рустаниҳои гулдор муайян карда шудааст. Вобаста ба ин баҳри пешгирии шикори ғайриқонунӣ ва ҳифзи олами ҳайвонот «Китоби сурх»-и Тоҷикистон соли 2016 дар таҳрири нав ба нашр расид, ки ба он 162 намуди ҳайвонот ва 226 намуди рустаниҳои нодир дохил гардидаанд. Дар нашри дуюми «Китоби сурх»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 222 намуди ҳайвонот ва 267 намуди рустаниҳои нодир дохил шудаанд.[1]
Маълумот
вироишКонвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (Конвенсияи СИТЕС) аз 25 модда иборат буда, он ба андешидани тадбирҳои қатъӣ оид ба назорат, маҳдудияти савдо, пешгирии ҷойивазнамоии ғайриқонунии байналмилалӣ ва интиқоли намудҳои ҳайвоноту набототи зери хатари нобудшавӣ қарордошта тавассути сарҳади гумрукии кишварҳо танҳо бо тартиби мувофиқашудаи байналмилалӣ равона карда шудааст.
Адабиёт
вироиш- Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон : Олами ноботот ва ҳайвонот / Ш. Курбонов, А. Тошев. — нашри 2-юм. — Душанбе : Дониш, 2015. — 535 с. — ISBN 978-9975-45-07-7.
- Красная книга Таджикской ССР : Редкие и находящиеся под угрозой исчезновения виды животных и растений / А.И. Соков. — Душанбе : Дониш, 1988. — 336 с.