Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон
Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз идҳои расмии Тоҷикистон, 24 ноябри соли 2009 бо фармони Президенти Тоҷикистон қабул гардида[1], ҳар сол 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад ва рӯзи корӣ ба шумор меравад.
Сана | 24 Ноябр |
---|---|
Ҷашнгирӣ | Тоҷикистон |
Маросим | 24 ноябр |
Таърих
вироишПарчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад[2].
Таҷлили Рӯзи парчам
вироиш2009
вироиш24 ноябри соли 2009 бори аввал дар Тоҷикистон «Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта шуд. Дар Душанбе дар ин рӯз бо ташаббуси Ҳукумати шаҳр аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 150 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Дар вилояту ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатӣ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуда таҷлили Рӯзи парчами Тоҷикистон гузаронида шуд.
2011
вироиш30 августи соли 2011 дар Душанбе парчами Тоҷикистон дар пояи махсус барафрохта шуд. Баландии он 165 метр аст ва баландтарин пояи парчами давлатӣ дар мамолики ҷаҳон мебошад (ҳамчун рекорди Гиннес сабт шудааст).
9 сентябри соли 2011, рӯзи таҷлили 20-солагии Истиклолияти Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр, бараш 7 метр ва вазнаш 860 кг гузаронида шуд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ День государственного флага впервые отпраздновали в Таджикистане(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 майи соли 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»(пайванди дастнорас)