Вечерний Душанбе
«Вечерний Душанбе» (русӣ: Вечерний Душанбе) — ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсӣ ба забони русӣ мебошад.
Навъ | ҳафтанома |
---|---|
|
|
Ношир | ҶДММ «Чархи гардун» |
Сармуҳаррир | Акбаралӣ Сатторов |
Забон | русӣ |
Даврият | 1 маротиба дар як ҳафта |
Таърих
вироишДар ибтидо нашрияи кумитаи шаҳрии ҲК Тоҷикистон ва Шӯрои вакилони халқи шаҳри Душанбе буд ва аз 1 октябри 1968 ҳафтае 5 бор ба забони русӣ бо теъдоди 70 ҳазор нусха ба табъ мерасид. Аз соли 1992 муассиси «В.» коллективи меҳнатӣ шуд ва ҳафтанома мустақил гардид. Соли 1999 ба ҳайати ҶММ «Чархи гардун» (директори генералӣ — Акбаралӣ Сатторов) дохил шуд. Ҳоло «Вечерний Душанбе» дар ҳаҷми 16 саҳифа ҳафтае 1 бор бо теъдоди 4 ҳазор нусха бо забони русӣ нашр мешавад. Дар саҳифаҳои он доир ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии шаҳр, масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, таълиму тарбия, навигариҳои илму техника, маишату истироҳати сокинони пойтахт ва ғайра хабару мақолаҳо ба табъ мерасанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Вечерний Душанбе // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.