Рӯзномаи деворӣ (форсӣ: روزنامه دیواری‎), газетаи деворӣ (русӣ: Стенная газета) — сафҳае шомили матолиби хабарӣ ва гузоришӣ аст, ки барои қароргирифтан рӯйи девори маконҳои умумӣ тарроҳӣ мешавад.

Подготовка стенгазеты «Молния» заводским штабом «Комсомольский прожектор» на АЗЛК

Рӯзномаи деворӣ дар муассисаю корхонаҳо, хоҷагиҳои деҳқонию ташкилотҳо, кӯдакистону мактабҳои миёнаву олӣ бароварда мешавад. Рӯзномаи девориро, маъмулан, як нусха бароварда, дар девор ё тахта (стенд)-и махсус меовезанд. Рӯзномаи деворӣ ҳафтавор, даҳрӯза, дуҳафтаӣ, моҳона ва баъзан ҳаррӯза мешавад. Рӯзномаи деворӣ дар собиқ ИҶШС, аз ҷумла Тоҷикистон, солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ пайдо шуд. Рӯзномаи деворӣ ҳаёти коллективро инъикос намуда, дар тарбияи коргарону мактабиён ва барои иҷрои вазифаҳое, ки дар назди онҳо истодаанд, ёрӣ мерасонад. Он маъмулан дар варақаи шакли А1 бароварда, ба иду ҷашнҳо (Ҷашни Наврӯз, Иди модарон, Рӯзи муаллимон, Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра) ё дигар воқеаҳои ҷорӣ бахшида мешавад. Дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИДМ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи девориро «Варақаи ҷангӣ» меноманд. Рӯзномаи деворӣ на танҳо воқеаро таҷассум менамояд, балки ба он баҳо дода, ҷиҳатҳои хубро дастгирӣ мекунад. Ба масъалаҳои мураккаб дучор гардида, онҳоро сарфи назар намекунад, балки сабабҳояшонро пайдо намуда, барои ҳалли онҳо мусоидат менамояд. Рӯзномаи девории мактабӣ дар таълим ва корҳои ҷамъиятии мактаб саҳми арзанда дорад. Он дар ҷойи намоён овехта мешавад. Рӯзномаи девориро ҳайати таҳририя номгузорӣ мекунанд ва дар ҳамаи ҳолатҳо садои шӯрои фаъолони мактабро инъикос менамояд. Рӯзномаи деворӣ ёвари фаъоли сарвари мактаб, муаллимон ва талабагони беҳтарин буда, дар атрофи худ талабагони фаъолро муттаҳид мекунад ва дар мактаб коллективи тифоқро ба вуҷуд меорад, синфҳоро ба корҳои эҷодӣ ва шавқовар раҳнамун месозад. Рӯзномаи деворӣ дар асосҳои ҷамъиятӣ бо роҳбарии муҳаррир ва бо иштироки фаъолонаи мухбирон сомон меёбад. Ҳайати таҳририя интихобӣ буда, аз муҳаррир, ҷонишини муҳаррир ва якчанд узв иборат аст. Мақомоти дахлдор бо мақсади беҳтар шудани мазмуну мундариҷа ва ороиши рӯзномаи деворӣ озмуну азназаргузарониҳо ташкил мекунанд, ки ин тадбирҳо барои беҳбуди кори газетаҳо ва такмили маҳорати мухбирону аъзои ҳайати таҳририя мадад мерасонанд.

Адабиёт

вироиш
  • Большая советская энциклопедия. Т. 24(1). М., 1976;
  • Энциклопедияи Советии Тоҷик. Ҷ. 2. Д., 1980;
  • Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика. Д., 1988.

Сарчашма

вироиш