Рӯзӣ Аҳмад
Рӯзӣ Аҳмад (Рӯзиқул Аҳмадов; 30 апрели 1935,[1] вилояти Қашқадарё, ҶШС Узбакистон — 5 марти 2022, Душанбе, Тоҷикистон) — фолклоршиноси маъруфи тоҷик, пажӯҳишгари расму ойинҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистон[2], номзади илмҳои филология (1973). Корманди шоистаи Тоҷикистон (1996).
Рӯзиқул Аҳмадов | |
Таърихи таваллуд | 30 апрел 1935 |
Зодгоҳ | вилояти Қашқадарё, ҶШС Узбакистон |
Таърихи даргузашт | 5 март 2022 (86 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Корманди шоистаи Тоҷикистон (1996) |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Самарқанд (1953), Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин.
Корнома
вироишКорманди шуъбаи фолклори ИЗА ба номи Рӯдакии АИ ҶШС Тоҷикистон, аспирант (1965-68), муассис ва барандаи маҳфили телевизионии эҷодиёти халқ «Чашма» (1968-73), тарҷумон (1974—1976) ва дипломат (1980—1982) дар Афғонистон, мудири шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёт (1998—2006). Ширкатдори чандин экспедитсияҳои фолклорӣ (1954, Истаравшан, Шаҳристон; 1955, Айнӣ, Масчо; 1956, Панҷакент).
Пажӯҳиш
вироишДар ғанӣ гардондани Ганҷинаи фолклории ба номи Р. Амонов саҳми муносиб гузоштааст. Натиҷаи ҷустуҷӯйҳои фолклориаш дар маҷмӯаҳои «Фолклори водии Зарафшон» ва «Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ» чоп шудаанд. Зимни фаъолият дар Афғонистон намунаҳои зиёди осори шифоҳии бадеии тоҷикони Афғонистонро низ гирд овардааст. Дар мавзӯи «Фолклори маросимҳои баҳории тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст (1973). Доир ба ҷашни Наврӯз ва суннатҳои он (аз соли 1957) таҳқиқот анҷом додааст. Муаллифи беш аз 500 таълифот роҷеъ ба фолклор, забон ва адабиёти муосиру классик ва робитаҳои адабӣ. Мақолаҳои илмиаш дар Узбакистон, Эрон, Афғонистон ва Руссия нашр шудаанд. Аҳмад Рӯзиев яке аз мураттибони «Куллиёти фолклори тоҷик» буда, дар таҳияи каталоги фолклори тоҷик низ саҳм дорад. Ба фаъолияти адабиву тарҷумонӣ низ машғул буда, 24 филми бадеиро ба тоҷикӣ тарҷима кардааст. Муаллифи чандин филмнома низ мебошад. Ширкатдори чандин ҳамоиш ва конфронсҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ.
Дар таҳияи мақолаҳои марбут ба фолклори нашрияҳои «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» ва «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» (ҷилдҳои 2, 4, 5, 6), «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (ҷилдҳои 1, 2, 3) саҳми арзанда дорад.
Осор
вироиш- Наврӯзи хуҷастапай. Д., 1978;
- Наврӯз дар Варорудон (бо хатти форсӣ). Д., 2005;
- Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ. Д., 2007;
- Ҷойгоҳи маросим ва аъёди исломӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик (бо хатти форсӣ). Д., 2010.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 30 апреля 2021 года. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus. 10 марти 2022 санҷида шуд.
- ↑ Ҳамоиши "Наврӯз - ҷашни байналмилалӣ" дар Душанбе(тоҷ.). www.bbc.com. BBC Tajik/Persian. 10 марти 2022 санҷида шуд.