Феҳристи хонаводаҳои забонӣ

саҳифаи феҳристӣ
(Тағйири масир аз Рӯйхати оилаҳои забонҳо)

Дар инҷо феҳристи хонаводаҳои забонӣ ироа шудааст. Ин феҳрист шомили феҳристи хонаводаҳои забонии мухталиф, забонҳои такхонавода, дастабандинашуда ва соири анвоъ забонҳо мешавад.

Бар асоси омори Ethnologue, 7 117 забони зиндаи башарӣ ба 142 хонаводаи забонӣ тақсим мешаванд.

Баъзе оилаҳои забонҳои маъмул вироиш

Оилаҳои калонтарин вироиш

Мувофиқи маълумоти [1], оилаҳои калонтарини забонҳо аз рӯи миқдори забонҳояшон инҳо мебошанд:

  1. Нигеру Конго (1514 забон)
  2. австронезӣ (1268 забон)
  3. Транс-Гвинеяи Нав (564 забон) (саҳеҳияш баҳсталаб аст)
  4. ҳиндуаврупоӣ (449 забон)
  5. Чину тибетӣ (403 забон)
  6. афроосиёӣ (375 забон) (саҳеҳияш баҳсталаб аст)
  7. Нилу Саҳроӣ (204 забон)
  8. Пама-Нюнган (178 забон)
  9. забонҳои Ото-Мангуӣ (174 забон) (миқдораш баҳсталаб аст)
  10. австроосиёӣ (169 забон)
  11. Сепик-Раму (100 забон) (саҳеҳияш баҳсталаб аст)
  12. Тай-кадай (76 забон)
  13. тупӣ (76 забон)
  14. дравидӣ (73 забон)
  15. майӣ (69 забон)

Эзоҳ вироиш