Сабабҳои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ

Сабабҳои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ - сарчашмаҳое мебошанд, ки аз он маълумот оид ба ҷиноятҳои тайёршуда истода ва ё содиргардида мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, прокуратура ва суд мегиранд, инчунин аломатҳои таркиби ҷиноятро бевосита ошкор кардани шахсони мансабдор, ки барои қабули қарори сар кардани кори ҷиноятӣ уҳдадор мегарданд. Сабабҳои оғоз намудани кори ҷиноятиро қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст (қ.1. м.ЮЗ КМҶ). Сабабҳои оғоз намудани парвандаи чиноятӣ аризаву мактубҳои шаҳрвандон, маълумотҳои корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳо ва шахсони мансабдор; мақолаҳо, хабарҳо ва мактубҳое, ки дар матбуот чоп шудаанд, ба гуноҳи худ иқрор шуда омадан; аломатҳои ҷиноятро бевосита ошкор кардани мақомоти таҳқиқ, муфаттиш, прокурор ва ё суд мебошанд.[1]

Нигаред низ

вироиш

Ҷиноят

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 401