Сабаб ва шароитҳои ҷинояткорӣ

Сабаб ва шароитҳои ҷинояткорӣ -ҷамъи ҳолатҳои иҷтимоии манфии иқтисодӣ, демографӣ, идеологӣ, иҷтимоию психологӣ, сиёсӣ, роҳбарию ташкилӣ, ки замина барои пайдошавии ҷинояткорӣ мегарданд ва оқибати он мебошанд. Сабаб ва шароитҳои ҷинояткорӣ вобаста ба мазмун, табиат ва механизми таъсиррасонӣ дар дараҷаҳои гуногун - сабаб ва шароитҳои ҷинояткорӣ ба тариқи кулл, гурӯҳи ҷиноятҳо ва ҷиноятҳои мушаххас омӯхта мешаванд.[1]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 400