Савринисо Сабзалиева

Савринисо Сабзалиева (27 январ 1948, Хоруғ4 май 2020, Душанбе) — ҳунарпешаи театру синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1991), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2006)[1].

Савринисо Сабзалиева
Таърихи таваллуд: 27 январ 1948(1948-01-27)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 4 май 2020(2020-05-04) (72 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпешаи театр, бозигари синамо, садогузор
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 1127973

Зиндагинома

вироиш

Соли 1967 Омӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанбе ва 1974 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро ба охир расонда, дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Солҳои 1967—1969 дар Мактаби мусиқии бачагонаи ш. Хоруғ дарс додааст. Беҳтарин нақшҳоро дар спектаклҳои «Рӯдакӣ», «Отелло», «Амаки Ваня», «Электра», «Дод аз дасти ақл» офаридааст. Ҳамчун актрисаи кино муваффақ гардидааст. Ба ҳунараш бинандагон дар филмҳои тоҷикии «Духтарони суғдӣ», «Асрори нӯҳ пайғамбар», «Гумгаштапайдо», «Номзад», «Пуштаи хандақпеч», «Иштибоҳ», «Умеди охирин», «Панҷ тан дар пайроҳа», «Ҳеҷбудагон» (3 қисм), «Субҳи якуми ҷавонӣ», «Тулӯъ дар Ганг», «Зан аз дур», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Модар дар кано¬рам», «Ман-сарҳад», «Бача гум шуд» ва ғайра баҳои баланд додаанд. Дар сужаҳои киножурнали ҳаҷвии «Калтак», саҳнаю намоишҳои телевизионӣ нақшҳои зиёд иҷро кардааст. Саҳмаш дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ калон аст.

  1. Сабзалиева Савринисо // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 550. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.