Садафак ё Псориаз — беморие пӯстӣ музмин худайминӣ аст. Ин беморӣ ҳангоме рух медиҳад ки системи аймнии бадан сигналҳои иштибоҳӣ мефиристад. Ин сигналҳо боиси афзоиши суръати чарха рушд сулулҳои пуст мешаванд: яъне афзоиши пеш аз ҳад сулулҳои пустӣ аз мизони рехтани онҳо дар кулли панҷ навъи псориаз вуҷуд дорад. Шаъйтарини он псориази палак монанд аст, ки бо таҳияҳои қармизи ранг бо пӯшиши нуқраи ай ва сафед аз сулулҳои мурдаи пӯст мушахас мешавад. Псориаз дар ҳар нуқтаи аз бадан монанди зону, оринҷ ё пӯст метавонад мушоҳида шавад ва бо сайри шароити ҷисмии ҷудо монанди диабет, бемориҳои қалбӣ ва афсурдагӣ дар иртибот аст.[1]

Садафак
Сафедак дар оринҷ

ПСОРИАЗ (Psoriasis; юн. psora – бемории пӯст), шукуфаи фалсӣ, бемории музмини ғайрисироятии пӯст. Сабаби Псориаз аниқ муайян нашудааст. Ба пайдоиши Псориаз ихтилоли фаъолияти асабу узвҳои эндокринӣ ва мубодилаи моддаҳо (хусусан мубодилаи чарб ва карбогидратҳо), манбаъҳои сирояти музмин – тонзиллит, гайморит, холетсистит, аднексит ва ғ. мусоидат мекунанд. Псориаз тамоюли ирсӣ низ дорад. Псориаз аз ҷумла бемориҳои маъмули пӯст аст. Дар дунё тақр. 3% одамон ба Псориаз гирифтор мебошанд. Псориаз бештар дар синни 10 – 25-солагӣ пайдо мешавад. Он дар кӯдакони 4 – 7-моҳа ва пирони 80 – 82-сола низ вомехӯрад. Дар байни кӯдакон бештар духтарчаҳо, дар байни калонсолон бошад, асосан мардҳо (60 – 65%) гирифтор мешаванд. Псориаз шаклҳои гуногун дорад: нуқтамонанд, наскмонанд, тангамонанд, лихенойидӣ, озахмонанд, ҳалқамонанд, ҷуғрофӣ, сабӯсакӣ ва қубоъмонанд. Дар аввали беморӣ (дар ҳар синну сол пайдо мешавад) дар пӯст (бештар дар ҷои қадшавии даст ё по), сатҳи бадан ва ҷойҳои мӯйдори сар гиреҳчаи майдаи гулобӣ ё сурхранг пайдо шуда, рӯи онро пулакчаи сафеди нуқратоб фаро мегирад (пулакча зуд беҷо шуда сатҳи сурхтоби он ҷило медиҳад). Доначаҳо тадриҷан афзуда, якҷоя мешаванд ва пулакчаҳои андозаашон гуногунро ҳосил мекунанд. Дар сурати дуру дароз боқӣ мондан, пулакчаҳо ғафс гашта, табобати беморӣ душвор мешавад. Псориаз мумкин аст фақат баъзе ҷойҳои пӯст, мас., атрофи банди оринҷу зону, ҷойҳои сермӯи пӯсти сар ё кафи дасту по, баъзан тамоми баданро иллатнок кунад. Аксар вақт ҳангоми авҷ гирифтани беморӣ доначаҳо якҷоя шуда, ба тамоми пӯст осеб мерасонанд. Ранги пӯст сурхи равшан гашта, бо қабати ғафси пулакчаҳо рӯпуш мешавад (ба ном эритродермияи псориазӣ); дар ин сурат ҳарор. бадан аксар вақт баланд ва гиреҳҳои лимфа калон шуда, вазъи умумии бемор тағйир меёбад. Ҳангоми баъзе шаклҳои Псориаз банду буғумҳо ҳам иллат пайдо мекунанд. Бисёр вақт беморӣ ба пушти нохунҳо низ осеб мерасонад (чуқурчаҳои хол-хол пайдо мешавад); нохун тираю ғафс ва ба чанголи парранда монанд мешавад (онихогрифоз). Псориаз ҳар сари чанд вақт авҷ гирифта, гоҳе муваққатан сабук мешавад (ремиссия). Зарбаи рӯҳӣ, сӯиистеъмоли машруботи спиртдор, риоя накардани парҳез, инчунин организмро заиф намудани бемориҳои дигар сабаби хуруҷи Псориаз мегарданд. Дар аксарияти беморон ҷараёни маризӣ тобистон муваққатан сабук мешавад. Ҳангоми пайдоиши нишонаҳои аввалини иллати пӯст ба духтур муроҷиат кардан зарур аст; беморе, ки дар ӯ Псориаз-ро ташхис кардаанд, бояд зери назорати духтур бошад. Беморро қатъиян аз рӯи таъйиноти духтур табобат мекунанд. ӯ бояд парҳез кунад (ғизо асосан аз ширу рустанӣ тайёр карда шавад), равғани ҳайвонот ва карбогидратҳо (қанд, картошка, нони сафед)-ро кам истеъмол намояд; ба одамони фарбеҳ равғани рустанӣ, творог, маҳсулоте, ки миқдори зиёди витаминҳои А. гурӯҳи В, С доранд, муфид мебошанд. Иқлими гарм, хусусан соҳили баҳр, ки кас дар он ҷо аз нури офтоб баҳра мебарад ва оббозию истироҳат мекунад, натиҷаи хуб мебахшад. Вале самараи табобат тавассути иқлим аз бисёр ҷиҳат ба шакл ва дараҷаи Псориаз вобаста аст, бинобар ин маслиҳати духтур ҳатмист. Мас., дар мавриди хуруҷи Псориаз дар офтоб гаштан ва аз ҳад зиёд гарм шудан боиси вазнин ҷараён гирифтани беморӣ мегардад.


  1. Аз Википедиаи порсӣ مشارکت‌کنندگان ویکی‌پدیا. «پسوریازیس». ویکی‌پدیا، دانشنامهٔ آزاد. ویکی‌پدیا، دانشنامهٔ آزاد، ۱ مه. ۲۰۱۴. وب. ۵ مه. ۲۰۱۴.

Адабиёт

вироиш
  • Зоиров П. Т., Бемориҳои пӯст, Душанбе., 1999; ҳамон муаллиф,
  • Зоиров П. Т., Болезни кожи, Душанбе., 2002;
  • Зоиров П. Т., Частная дерматология и венерология, Душанбе., 2007.

Пайвандҳо

вироиш