Садои Душанбе
«Садои Душанбе» — яке аз шабакаҳои родиюӣ дар Тоҷикистон, ки бо ташаббуси собиқ раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизион Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар заминаи собиқ радиои шаҳрӣ 18 январи 1999 таъсис дода шудааст[1].
Шаҳр | Душанбе |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Формат | иттилоотӣ, фарҳангию дилхушӣ |
Басомад | 102.2 FM |
Замони пахш | шабонарӯзӣ |
Минтақаи пахш | Тоҷикистон |
Забон | тоҷикӣ, русӣ |
Таърихи оғози пахш | 18 январи соли 1999 |
Вебгоҳ | sadoidushanbe.tj |
https://facebook.com/sadoidushanbe/ | |
Пахши зинда | sadoidushanbe.tj |
Ҳадаф ва пахш
вироишБарномаҳои «Садои Душанбе» дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ва берун аз он 8 соат дар як рӯз мустақиман аз соати 8 то 16, баъдан то соати 24 такроран садо медиҳанд. Тавассути «Садои Душанбе» 2 соат дар як рӯз барнома бо забони русӣ пахш мешавад. Дар «Садои Душанбе» ба барномаҳои иттилоотӣ бештар таваҷҷуҳ дода шуда, дар оғози ҳар соат хабарҳои тоза садо медиҳанд; радио дорои барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ низ мебошад. Барномаҳои «Суҳбат дар мавзӯи рӯз», «Оина», «Сайёра ва Замон», «Оила», «Муҳофизони Ватан», «Табобат», «Кӣ медонад?», «Як савол», «Ҳафт авранг», «Дар пайи истеъдодҳо» ва ғайра аз маҳбубияти шунавандагон бархурдоранд. Дар барномаҳои русӣ силсилагуфторҳои мусиқию фароғатӣ, тарбиявию таълимӣ ба мисли «Мысли вслух», «Здоровая семья», «Зеленая аптека», «Городские зарисовки», «Десять лучших звёзд» ва ғайра садо медиҳанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Таърихи таъсиси шабака. Радиои Садои Душанбе. 27 ноябри 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Садои Душанбе // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 552. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.