Садриддин Наҷмиддин

Садриддин Наҷмиддин (19 январи 1980, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — овозхони мусиқии попи тоҷикӣ.

Садриддин Наҷмиддин
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 19 январ 1980(1980-01-19) (44 сол)
Зодгоҳ Душанбе,  Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Соз асбобҳои клавишӣ
Сабк мусиқии попи тоҷикӣ
facebook.com/sadri.ddin.7

Зиндагинома

вироиш

Садриддин Наҷмиддин 19 январи соли 1980 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Мактаби миёна ва Донишгоҳи ҳунарҳои зеборо низ ин ҷо хатм кард. Аввалин албомаш «Садои борон»-ро дар 16-солагӣ ба дасти нашр супурд. Ҳоло раҳбари гурӯҳи «Садр» дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон аст. Зуд маъруф шуд, аммо шуҳрат дигар ӯро раҳо накард ва ҳоло аз раддаи аввали овозхонони Тоҷикистон ҳатто дар Эрону Афғонистон шинохта мешавад[1].

Аввалин сурудҳое, ки Садриддинро машҳур гардонидаанд, дар студияи «JC Records Studio» аз ҷониби муҳандиси садо Олим Ширинов сабт шудаанд. Дар байни онҳо: «Гули ноз» (2005), «Медони» (2005), «Ғариби» (2006), «Гоҳе» (2006), «Хоб дидам» (2006), «Имшаб» (2006), «Садои дил» ва ғайра ҳастанд[2].

Моҳи октябри соли 2017 Садриддин Наҷмиддин дар студияи «JC Records Studio» дар якҷоягӣ бо муҳандиси садо ва продюсер Олим Ширинов, суруди «Тифли Мянмар»-ро, ба хотири дастгирии кӯдакони мусалмони Роҳингия, сабт кард[2][3].

Пайвандҳо

вироиш