Саидамир Аминов (Аминов Саидамир Ашурович; 4 январи 1946, деҳаи Турушбоғи ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ (1995). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1981), Аълочии маорифи СССР (1988), узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.

Саидамир Аминов
Аминов Саидамир Ашурович
Таърихи таваллуд 4 январ 1946(1946-01-04) (78 сол)
Зодгоҳ деҳаи Турушбоғи ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика (1995)
Алма-матер Институти давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко (1969)
Ҷоизаҳо
медали «Хидмати шоиста» (1999)
Аълочии маорифи Тоҷикистон (1981)
Аълочии маорифи СССР (1988)

Зиндагинома

вироиш

Саидамир Ашурович Аминов 4 январи 1946 дар деҳаи Турушбоғ, ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Хатмкардаи курси яксолаи муаллимтайёркунӣ дар ноҳияи Ҳисор (1962—1963), муаллими мактаби 8-солаи № 23-и ноҳияи Ҳисор (1963—1965), хатмкардаи Институти давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко (1965—1969), муаллими мактаби № 3 ноҳияи Ҳисор (1970—1971), ходими илмии ИТИИП (1971—1972), методисти ИМТИ, ходими хурди илмӣ, ходими калон, мудири лабораторияи забон ва адабиёт, котиби илмӣ, муовини директори ИТИИПТ (1975—2003), сардори идораи таҳсилоти умумии Вазорати маорифи Тоҷикистон (2003—2005), сардори бахши илмии нахустин Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти соҳаи маорифи Тоҷикистон (2006—2008), саркотиби илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (аз 2008 то ҳол).

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Муаллифи беш аз 40 китоби дарсию дастурҳои методӣ ва беш аз 350 мақолаҳои илмию методӣ. Муаллифи китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои синфҳои 5, 6, 7, 8, 9 (1983—1996) дар ҳаммуаллифї ва китобҳои дарсии забони тоҷикии синфҳои 7, 8, 9 (10) ва 11 (озмоиши)-и амалкунанда. Забони тоҷикӣ барои синфи 9 (10), ки бар асоси сохтори нав ва мутобиқи барномаи нави тартибдодааш таълиф шудааст, бењтарин китоб дониста шуда, соли 1995 сазовори ҷоизаи Мавлавӣ гашт. Таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд.

  • Тартиби гузаронидани машқ аз забони тоҷикӣ барои синфи 4-8 (1979);
  • Методикаи таълими матнсозӣ дар дарсњои забони тоҷикӣ (1995);
  • Олим ва педагоги шинохта(1995);
  • Таълими њуљљатњои расмї дар мактаб(1992, 2007, 2011);
  • Матн ва таълими он дар мактаб (2002);
  • Луғати мухтасари мактабї (2002, 2008),
  • Муњақиқи тавоно ва омӯзгори амиқандеш (2009, Луғати фразеологии мактабї (2002, 2007), Дастури методї ба китоби синфи 7 (2008),
  • Барномаи забони тоҷикӣ барои синфи 5-9 (1994),
  • Барномаи забони тоҷикӣ (2001, 2002, 2006),
  • Барномаи забони давлатӣ (2004, дар њаммуаллифї, 2010),
  • Стандарти фанни забони тоҷикӣ барои синфи 5-9 ва роҳнамо (дар њаммуаллифї,
  • 2012),
  • Барномаи забони тоҷикӣ барои шуъбаи дефектологияю педагогика ва психологияи томактабї (2003),
  • Забони тоҷикӣ барои синфи 7 (202, 2007, 2008),
  • китоби забони тоҷикӣ барои синфи 8 (2007),
  • забони тоҷикӣ барои синфи 10 (2005, 2011),
  • Забономӯзї — асоси рушди тафаккур (мач. мак.,2010)[1]

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо медали «Хидмати шоиста»(1999) мукофотонида шудааст.