Саида Зиткаева

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филология (2012)

Саида Зиткаева (тав. 30.07.1982, ш. Душанбе) — омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филология (2012).

Саида Зиткаева
Саида Зиткаева
Таърихи таваллуд 30 июл 1982(1982-07-30) (42 сол)
Зодгоҳ Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Зиндагинома

вироиш

Саида Зиткаева хатмкардаи факултети филологияи ДДОТ (2004). Мутахассис, мутахассиси пешбар ва сармутахассис дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004-2009), сармутахассис ва муовини сардори Раёсат дар Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (2009-2017), солҳои 2017-2019 дар кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур, 2019-21 дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикииДонишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият ва аз соли 2021 ба ин сӯ ҳамчун дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик фаъолият дорад. Дар мавзуи “Хусусиятҳои ғоявию бадеии “Хусравнома»-и Шайх Аттори Нишопурӣ» таҳқиқоти илмӣ анҷом додааст (2012).

  • Хусусиятҳои ғоявию бадеии “Хусравнома»-и Шайх Аттори Нишопурӣ (монография). Д, 2019.,
  • Рисолати нур (маҷмуаи мақолаҳои илмӣ). Д., 2019.,
  • Дастури методӣ барои иҷрои КМРУ ва саволномаҳои санҷишӣ (тестӣ) аз фанни забони тоҷикӣ дар низоми кредитии таҳсилот (дастури методӣ). Д., 2019.

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ