Саидбеги Маҳмадуллоҳ

Саидбеги Маҳмадуллоҳ (Саидбег Маҳмадуллоев; зод. 1 августи 1954, ноҳияи Файзобод) — донишноманигор, тарҷумон ва файласуфи тоҷик, номзади илмҳои фалсафа (2015). Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2001), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2010), Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2000).

Саидбеги Маҳмадуллоҳ
Саидбег Маҳмадуллоев
Таърихи таваллуд 1 август 1954(1954-08-01) (70 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор СИ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
Алма-матер Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1976)
Ҷоизаҳо

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи факултаи шарқшиносии УДТ ба номи В. И. Ленин (1976, ҳоло ДМТ). Тарҷумони забони арабӣ дар Ҷумҳурии Арабии Сурия (1976-77), муаллими мактаби миёнаи № 35 н. Орҷоникидзеобод (ҳоло ш. Ваҳдат; 1977-79), тарҷумони забони арабӣ дар Ҷумҳурии Ироқ (1979-83), муҳаррири хурди нашриёти «Ирфон» (1983-84). Муҳаррир (1983-84), муҳаррири илмӣ (1984-85), муҳаррири калони илмии СИЭСТ (1986-90). Мутахассиси пешбари редаксияҳои Фалсафа ва ҳуқуқ (1990-91), кишоварзии СИЭМТ (1991—2007). Сардори шуъбаи иттилоот ва таҳлилу ташхис (2007-08), сардори раёсати ташкилотҳои динии Сарраёсат оид ба корҳои дини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008-10), сардори раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010-12). Муҳаррири пешбари редаксияи назорати илмӣ ва таҳрири адабӣ (2013), мудири редаксияи фалсафа, дин ва ҳуқуқи СИЭМТ (аз 2014), ҳамзамон х. к. и. Маркази синошиносии Ин-ти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2013). Самти фаъолияти М.: таълиф, таҳрир, тарҷума ва таҳияи мақолаҳои энсиклопедӣ; таҳқиқи мероси фалсафии ниёгон; шарқшиносӣ; диншиносӣ. М. муаллифи 1 рисола, силсилаи мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмӣ, ЭСТ (ҷилдҳои 5-8), ЭМТ, «Энсиклопедияи адабиёт ва санъат» (ҷилдҳои 1-3), «Энсиклопедияи Душанбе», «Энсиклопедияи Кӯлоб» ва «Донишномаи фарҳанги мардумӣ» (ҷилди 1). Узви ҳайати таҳрир ва Шӯрои назорати илмии ЭМТ. Муҳаррири масъули китобҳои «Қасасу-л-анбиё» (Д., 1988), «Фарҳанги арабӣ ба тоҷикӣ» (С. Сулаймонӣ, дар 2 ҷилд; Д., 2004), Мавлоно Яъқуби Чархӣ «Китобулфароиз» (Д., 2010), «Фанни хитоба»-и Арасту (тарҷума ба забони тоҷикӣ; Д., 2017) ва «Хитоба»-и Абуалӣ ибни Сино (тарҷума ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; Д., 2018). Китоби «Тафсири Яъқуби Чархӣ»-ро (Д., 2000) таҳия кардааст. Яке аз таҳиягарони «Фалсафа аз оғози таърих»-и М. Рашод (китоби 1, ҷилдҳои 1 ва 2, Д., 1985; китоби 2, ҷилдҳои 3 ва 4, Д., 2008). Китобҳои «Дар пардаи массонҳо»-и В. В. Малишев (Д., 1985), «Гитлер аслан кӣ буд?»-и К. Бахман (Д., 1986), «Қуръон, пайдоиш ва асотири он»-и Л. И. Климович (Д., 1987) аз русӣ ба тоҷикӣ ва Исцеление. Доказательство. Третья статья // Абу Али ибн Сина. Соч., т. 6, Д., 2017; Абубакр Рази. Книга возрожений Галену. Д., 2017; Риторика (глава 3) // Абу Али ибн Сина. Соч. Т. 7, Д., 2018 аз арабӣ ба русӣ гардондааст.

  • Мавлоно Яъқуби Чархӣ. Зиндагӣ, осор ва афкор. Д., 2013;
  • Мавлоно Яъқуби Чархӣ. Маълумотнома (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ, англисӣ, форсӣ). — Д. : СИЭМТ, 2018. — 264 с. — ISBN 978-99947-33-69-5

Адабиёт

вироиш
  • Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин. Д., 2011.