Саидбой Шербоев
Саидбой Шербоев (22 майи 1944, ноҳияи Панҷакент) — омӯзгор, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор. Аълочии маорифи Тоҷикистон (1989). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2007)
Саидбой Шербоев | |
Таърихи таваллуд | 22 май 1944 (80 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент |
Кишвар | |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | профессор} |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Ҷоизаҳо | , Корманди шоистаи Тоҷикистон (2007), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1989) |
Зиндагинома
вироишСаидбой Шербоев 22 майи 1944 дар деҳаи Ғарибаки ноҳияи Панҷакент чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Солҳои 1961—1963 ба сифати колхозчӣ кор кардааст. Солҳои 1963—1967 давраи таҳсили С. Шербоев дар факултети забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко маҳсуб меёбад. Тайи солҳои 1967—1980 дар ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ ноҳияи Ленин) ва дар шаҳри Душанбе дар вазифаи муаллими забон ва адабиёт, ҷонишини директор оид ба таълим ва дар Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Душанбе ба ҳайси мудири кабинети забон ва адабиёти тоҷик фаъолият варзида, ҳамчунин, дар ин давра, солҳои 1971—1974, дар аспирантураи ғоибонаи назди ДДонишкадаи давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко аз рӯи ихтисоси забоншиносии тоҷик таҳсил намудааст. Фаъолияти омӯзгориашро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ давом додааст. Ӯ 16 майи соли 1985 таҳти роҳбарии профессор М. Исматуллоев рисолаи илмиашро дар мавзӯи «Хабарҳои феълӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик» бомуваффақият дифоъ намуда, ба гирифтани дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ноил гардид. Соли 1990 ба С. Шербоев унвони илмии дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик дода шудааст.
С. Шербоев ба ҳайси ходими калони илмӣ ба Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии дузабонии назди Академияи илмҳои педагогии СССР ба муҳлати ду сол фиристода мешавад. Соли 1993 бо таъсиси додани шӯрои доктории яккаратина дар заминаи шӯрои махсусгардонидашудаи ҳимояи рисолаҳои номзадии соҳаи педагогикаи умумии назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ рисолаи худро бо номи «Асосҳои илмию методии таълими синтаксиси забони тоҷикӣ дар мактаби миёна» ҳимоя намуда, ба унвони дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ комёб мешавад. Соли 1995 шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доктори илмҳои педагогӣ С. Шербоевро ба вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик таъйин намуд, ки ин вазифа 17 сол ба уҳдаи ӯ буд Хизматҳои дар ҷодаи таълиму тарбияи донишҷӯён ва дар инкишофи илми методикаи таълими забони тоҷикӣ ба субут расонидаи С. Шербоев ба назар гирифта шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ӯро соли 2000 ба унвони илмии профессори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик пешниҳод намуд, ин амал аз 28.03.2001 бо қарори Вазорати маорифи Федератсияи Россия ба ҳукми қонун дароварда шудааст. Ин аст, ки аз 30 марти соли 2004 тамоми хидматҳои профессор С. Шербоевро ба инобат гирифта, дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (АТТ) аз тариқи озмун ва райъдиҳии пинҳонӣ ӯро ба ҳайси узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон интихоб менамоянд.
Фаъолияти илмӣ
вироишТайи солҳои 2000—2004 яке аз давраҳои пурмаҳсули эҷодиёти С. Шербоев ба шумор меравад. Дар ин давра соли 2003 монографияи рисолаи докторӣ ва соли 2004 монографияи рисолаи номзадии ӯ дастраси хонандагон гардонида мешавад. Нахустин китоби дарсии «Методикаи таълими забони тоҷикӣ» (2009) аз тарафи мутахассисони соҳа хуб пазируфта шуд, то ҳол доир ба он 8 тақризи мусбат — мақола дар матбуоти даврӣ ба чоп расид. Имрӯз аз рӯи ин китоб дар факултетҳои филологии 8 мактаби олӣ ба донишҷӯён таълим медиҳанд. Бо таклифу дархости омӯзгорон соли 2012 китоби мазкур аз нав бо таҳриру иловаҳо рӯйи чоп омад. С. Шербоев ва Ҳ. Саидов тайи солҳои 2009—2010 ба таълифи нахустин китоби дарсии «Практикуми забони тоҷикӣ» машғул шуда, ниҳоят, онро ба ҳайси китоби дарсии донишҷӯёни мактабҳои олӣ нашр намудаанд. Ба қалами ӯ 4 монография, 3 китоби дарсӣ, 2 дастури методӣ, 4 барнома ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ, илмию методӣ ва илмию оммавӣ ба чоп расидаанд.[1]
Осор
вироиш- Асосҳои илмӣ-методии таълими синтаксиси ҷумлаҳои соддаи забони тоҷикӣ дар синфҳои 5 ва 8. — Душанбе: Деваштич, 2003. — 300с.
- Хабарҳои феълӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Деваштич, 2004. — 146с.
- Асосҳои илмию методии таълими синтаксиси ҷумлаҳои соддаи забони тоҷикӣ дар синфҳои 5 ва 8. — Душанбе: Деваштич, 2006. — 303с. (Бо таҳрир ва иловаҳо).
- Асосҳои методии таълими синтаксиси ҷумлаҳои соддаи забони тоҷикӣ дар синфҳои 5 ва 8. — Душанбе, 1992. — 117с. (ба забони русӣ).
- Методикаи таълими забони тоҷикӣ. — Душанбе: Шуҷоиён, 2009. — 456с.
- Методикаи таълими забони тоҷикӣ (Нашри 2, бо таҳрир ва иловаҳо). — Душанбе: Сабрина, 2012. — 458с.
- Методикаи таълими забони тоҷикӣ (Нашри 3, бо таҳрир ва иловаҳо). — Душанбе: Бухоро, 2014. — 460с.
- Практикуми забони тоҷикӣ. — Душанбе: Ирфон, 2010. — 206с. (бо ҳаммуаллифӣ)
- Китоби хониш (Барои синфи V — и мактабҳои ёрирасон). — Душанбе: Маориф, 1992. — 112с.
Ҷоизаҳо
вироиш- ордени «Шараф» (1999)
- Корманди шоистаи Тоҷикистон (2007)
- Аълочии маорифи Тоҷикистон (1989)
Эзоҳ
вироиш- ↑ Саидбой Шербоев. 3 феврали 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2016.